Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба татбиқи “Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” баргузор гардид

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба татбиқи “Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” баргузор гардид
Декабр 10
15:57 2021

Имрӯз, 10 декабри соли равон дар меҳмонхонаи Ҳилтони шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба татбиқи “Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки бо қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2021, №25 тасдиқ гардидааст, баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода, Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Помершайм, намояндагони як қатор вазорату идора, кумитаи кишвар, шарикони рушд ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз намуд, ки “Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” бо таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва принсипҳои роҳбарикунанда, инчунин нишондиҳандаҳои ҳадафноки Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ барои давраи то соли 2025 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҳадафи 2 (тандурустӣ), ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, мутобиқ карда шудааст.

Тавре зикр гардид, нақшаи мазкур аз дигар нақшаҳо, ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва барномаҳои соҳаи тандурустӣ ва ғизо дар Тоҷикистон, аз ҷумла стратегияҳои бахши тандурустӣ, амнияти озуқаворӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, ғизои мактабӣ, Қонун «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда», Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 ва як қатор барномаҳое, ки ҳадафҳо ва фаъолияташон ба ғизо алоқаманд аст ва бо дастгирии шарикон амалӣ мегарданд, асос ёфтааст.

Дар идомаи ҷаласа як қатор иштирокдорони ҷаласа вобаста ба муҳимияти масъала баромад намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 614
  • 1,242
  • 949,634