Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба амалисозии “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба амалисозии “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”
Март 01
14:56 2022

Имрӯз, 1 марти соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ғизо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба амалисозии “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №415 тасдиқ гардидааст, баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, намояндагони як қатор вазорату идора ва кумитаҳои кишвар, шарикони рушд, масъулини соҳа иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз дошт, ки солҳои охир дар баробари муваффақияту комёбиҳои соҳаи тиб ба муқобили бемориҳои сироятӣ, дар тақвияти сатҳи солимии аҳолӣ беҳтар шудани ҳолати ғизо низ нақши муҳим бозидааст. Паёмадҳои норасоии тӯлонии моддаҳои ғизоӣ ба саломатӣ, инкишофи организм, паст гардидани масунияти бадан, қобилияти репродуктивӣ ва рушди ақлонӣ таъсири ногувор дорад.

Қайд гардид, ки таъмини амнияти озуқаворӣ, ташкили ғизои дуруст ва пешгирии бемориҳои ба ғизо алоқаманд яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар ин самт аз тарафи Ҳукумати мамлакат  қабул гардидани 2 қонун, 2 стратегия, 3 барнома ва 1 нақшаи сатҳи миллӣ аз муҳимият ва таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор доштани масъалаҳои ғизо гувоҳӣ медиҳанд.

Бояд қайд намуд, ки новобаста аз қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар самти ба танзим дарории ташкили ғизо ва истифодабарии он, ҳоло ҳам нишондодҳои баъзе аз бемориҳои ба ғизо алоқаманд аз қабили, камхунӣ дар байни занони қобили таваллуд, қадпастӣ дар байни кўдакон ва наврасон, ҷоғари эндемикӣ, норасоии вазни бадан дар байни кўдакон, ҳолати вазни зиёдатӣ, фарбеҳӣ, диабети қанд, саратон ва ғ. ташвишовар мебошад. Мутахассисон барои бартараф намудани камбудиҳо дар ин самт ғанигардонии маҳсулотҳои хўроквориро тавсия медиҳанд.

Дар идомаи ҷаласа як қатор мутахассисон вобаста ба самтҳои гуногуни мавзӯъ баромад намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 636
  • 1,242
  • 949,656