Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо доир гашт

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо  доир гашт
Май 24
15:07 2024

Имрӯз, 24-уми майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо ва татбиқи “Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистои барои солҳои 2021 – 2025” баргузор гашт, ки дар он аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавии миллӣ-шарикон оид ба рушд, намояндагони вазорату идора, кумита ва дигар сохторҳои дахлдори мамлакат иштирок намуданд.

Тавре зимни ҷаласа зикр гардид, ғизои солим талаботи зарурӣ барои рушди миллӣ ва беҳбудии аҳолӣ буда, дар самти беҳтар намудани солимии аҳолӣ, аз ҷумла солимии модарону кӯдакон нақши муҳимро мебозад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳтар намудани сатҳи ғизо аз соли 2016 “Стратегияи рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2027”, “Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”, “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2024”-ро  татбиқ намуда истодааст.

Маврид ба зикр аст, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 ҳамчун давлати 42-юм ба Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN) шомил гардид. Аз соли 2015 бошад, дар кишвар Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба ғизо фаъолият дорад, ки дар он тамоми намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, шарикони рушд, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва  ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил мебошанд.

Дар идомаи ҷаласа як қатор иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни мавзуи мазкур баромад карданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 294
  • 1,242
  • 949,314