Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» сурат гирифт

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» сурат гирифт
Апрел 30
14:30 2018

Имрӯз дар меҳмонхонаи «Хаят Реҷенсӣ»   бо мақсади натиҷагирӣ аз тадбиқи босамари «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» баргузор гардид.

Рафти ҷаласаи мазкурро Насим Олимзода,  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, дар рафти кори он Мирҳамуддин Камолзода,  муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Игор Поканевич,  роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии  тандурустӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилором Содиқова, ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандон ва сардорони саёсатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  намояндагони дигар вазорату идораҳои кишвар ва мутахассисони созмонҳои байналмиллаливу шарикон оид ба рушд иштирок намуданд.

Дар чорабинии мазкур Дилором Содиқова, ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти унвони «Муҳокимаи корҳои омодабошӣ барои баргузории Шарҳи якҷояи солонаи соли ҳаштуми амалисозии   «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» маъруза намуда, диққати ҳозиринро ба омодабошӣ  ҷиҳати  Шарҳи якҷояи солонаи соли ҳаштуми стратегияи мазкур ҷалб намуд.

Масъалаи муҳими дигаре, ки дар ҷаласаи мазкур мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт, ин методологияи таҳияи ҳуҷҷати нави «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» буд, ки роҷеъ ба ин масъала Исфандиёр Маҳмудзода, сардори Раёсати ислоҳот, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмиллалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарлавҳаи   «Методологияи таҳияи ҳуҷҷати нави   «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маъруза намуд.

Дар охири ҷаласа Насим Олимзода, мушкилоти дар соҳа вуҷуддоштаро ба маърази диққати ҳозирин қарор дода, дар амал тадбиқ намудани «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020»-ро барои кулли кормандони соҳаи тандурустӣ ва мақомоти марбуда вазифаи аввалиндараҷа ҳисобид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 972
  • 1,242
  • 949,992