Бегоҳии 17 апрели соли равон бо иштироки муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, роҳбарони як қатор раёсатҳо ва директорони муасссисаҳои тандурустии пойтахт ҷаласаи навбатии ситоди вазорат оид ба пешгирии сирояти коронавирус баргузор гардид.
Сараввал оид ба вазъи сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосири вазорат Шайдулло Шарипов маълумот дод.
Иттилоъ дода шуд, ки аз 1 феврал то 17 апрели соли равон 7871 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд.
Аз ин шумора то санаи зикргардида 6348 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни замон 1523 нафарашон дар карантин қарор доранд.
Номбурда иброз намуд, ки то 17 апрели соли равон дар миёни шаҳрвандони ба карантин фаро гирифта шуда сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар идомаи ҷаласа фавт ва гирифторшавии шаҳрвандони мамлакат бо бемории илтиҳоби шуш (пневмания) дар чанд рӯзи охир, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси сар задани ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ дар робита ба он, ки гӯё ин нафарон гирифтори сирояти коронавирус мебошанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш иброз намуд, ки вазъи номусоиди ҳаво дар чанд рӯзи охир на танҳо дар баробари таъсири манфӣ расонидан ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ҳамзамон, ба саломатии шаҳрвандони мамлакат низ таъсири манфӣ расонид. Аз ин рӯ, якбора гирифторшавӣ ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла илтиҳоби шуш (пневмания) зиёд ба мушоҳида расид.
Тибқи иттилои Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ”- и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумора ва нишондиҳандаи беморшавӣ ба баъзе бемориҳои сироятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 чунин мебошад:
бемории зуком (грипп) 9982 нафар, илтиҳоби шуш (пневмания) 12802 нафар, ОРВИ 350702 нафар, диққи нафас 1293 нафар ва домана 8 нафар.
Яъне, омори мазкур гувоҳи он аст, ки гирифторшавии шаҳрвандони мамлакат ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории илтиҳоби шуш (пневмания) ҳолати муқаррарӣ ва мавсимӣ мебошад. Бинобар ин, аз гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории мазкур набояд ҳангома сохт.
Таъкид карда шуд, ки бояд моҳияти аслии ин беморӣ аз ҷониби табибони оилавӣ ба шаҳрвандони мамлакат расонида шавад, то дар ин лаҳзаҳои ҳассос сокинон ба таҳлука наафтанд.
Дар анҷоми ҷаласа барои дар ҳолати омодабош қарор доштан ҷиҳати хурӯҷи эҳтимолии сирояти коронавирус ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Азбаски вақтҳои охир бисёр хабарҳо оид ба гирифторшавии сокинони баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд ба бемории илтиҳоби шуш (пенвмания) ба нашр мерасанд, мо дар ин робита бо сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд ҳамсуҳбат гардидем. Тибқи омори пешниҳоднамудаи раёсати мазкур, дар семоҳаи аввали соли 2019 дар миқёси вилоят аз ин беморӣ 20 нафар ва дар се моҳи аввали соли 2020 бошад, 15 фавтидааст.