Ҷаласаи васеи кормандони соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Ҷаласаи васеи кормандони соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Декабр 24
16:05 2021

24 декабри соли равон дар маҷлисгоҳи калони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар Маркази тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи васеи кормандони соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед,  роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардорони шӯъбаҳои  вилоятӣ ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.

Нахуст аз ҷониби муовини вазир Шодихон Ҷамшед нуқтаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда шуданд.

Махсусан, қайд гардид, ки дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Тавре Президенти мамлакат иброз намуданд: “Ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин давра мебошанд.

Номбурда инчунин доир ба паҳлуҳои гуногуни Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Дар идомаи маҷлис ҳисоботи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимои аҳолӣ, сардорони шӯъбаҳои вилоятии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва роҳбарони муассисаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва дигарон шунидаву муҳокима карда шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 644
  • 1,242
  • 949,664