Ҷалби ихтиёриёни табибони ҷавон ба корҳои фаҳмондадиҳӣ

<span class="dojodigital_toggle_title">Ҷалби ихтиёриёни табибони ҷавон ба корҳои фаҳмондадиҳӣ</span>
Июл 14
18:17 2020

Имрӯз, 14 июли соли равон бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ҷиҳати сафарбарнамоии  гурӯҳи ихтиёриёни табибони ҷавон дар назди Ташкилоти “Иттиҳодияи табибони ҷавон” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади баргузор намудани чорабиниҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемории COVID-19 дар байни аҳолӣ нишасти корӣ доир гардид.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат зикр намуд, ки ҳадаф аз таъсиси гурӯҳи ихтиёриёни табибони ҷавон дар назди вазорат ин пеш  аз ҳама иҷро намудани рисолати касбӣ ва ташаккули додани эҳсоси баланди худшиносии миллӣ дар замири табибони ҷавон мебошад.

Дар ҷаласа ба директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” Парвина  Мухторова ва роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи табибони ҷавон” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралиев Бобоҷон супориш дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ бо мақсади пешгирии бемории COVID-19 корро боз ҳам пурзӯр намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 743
  • 1,242
  • 949,763