Ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон

Ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон
Июл 12
11:22 2017

Имрӯз тибқи тартиби муқарраргардида нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  нимсолаи якуми соли 2017 дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 мувофиқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 июни соли 2017 тасдиқ шудааст, баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ беш аз 40 нафар рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ  иштирок доштанд. Зимни  ифтитоҳи нишасти матбуотӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода зикр намуд, ки “Дар соли таҷлили 20 – солагии Ваҳдати миллӣ, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли бениҳоят муҳим ва тақдирсоз арзёбӣ гардида, аз оғози худ то ба имрӯз аллакай бо рӯйдодҳои хотирмони иқтисодиёти сатҳи ҷумҳуриявӣ пурмаҳсул шудааст, бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» маънои хоса дошта, тавре дар Паёми худ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Ҳамаи мо дирӯз шоҳиди ҷашни тантанавии 10 – солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” зери таассуроти суханронии пурмӯҳтавои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин санаи таърихӣ будем. Барҳақ аст гуфтаҳои Пешвои миллат, ки «мо дар асри ХХI, яъне дар ҷаҳони дигаргуниҳои бузурги илмиву технологӣ умр ба сар бурда истодаем. Кишварҳои олам босуръат пеш рафта, бо истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва коммуникатсионӣ соҳиби комёбиҳои ниҳоят зиёд шуда истодаанд. Аз ин рӯ, моро низ зарур аст, ки барои гирифтани илму дониши замонавӣ талош кунем, ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти ҷиддӣ дода, аз дастовардҳои илму технологияҳои замонавӣ ва фарҳанги пешрафта истифода барем.Насим Олимзода дар рафти баёни фаъолияти сохторҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ тули 6-моҳаи соли ҷорӣ аз ҷумла таъкид намуд, ки; “28 апрели соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташрифи мубораки хеш  яке аз иншооти замонавии тандурустӣ – Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ”-ро ифтитоҳ намуданд, ки ин иқдом бори дигар аз таваҷҷӯҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шаҳодат медиҳад”.

Дар нимсолаи якуми соли 2017 – соли таҷлили 20 – солагии Ваҳдати миллӣ, инчунин, иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 иншоотҳои хурду калони замонавии тандурустию иҷтимоии дорои таҷҳизотҳои муосири гаронарзиш ба истифода дода, ифтитоҳи онҳо барои рушди хизматрасонии тиббӣ такони ҷиддӣ дод. Инчунин, танзими заминаи меъёрии ҳуқуқӣ бо қабули як қонун, яъне Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъқул дониста шудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истеҳсоли маҳсулоти тамоку», тасдиқи 2 барномаҳои миллии муҳими соҳа («Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» ва «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019») боиси беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои солимии аҳолӣ, аз ҷумла паст шудани фавти модарону кӯдакон, кам гардидани шумораи маъюбӣ ва вусъат ёфтани  солимгардонии маъюбон, дар сатҳи мӯътадил қарор гирифтани вазъи бемориҳои сироятии ниҳоят хавфнок, тавассути обгузаранда, бо ваксина идорашаванда, беморшавӣ бо вируси норасоии масунияти одам,  тамоюли устувори коҳиш ёфтани бемории сил, мустаҳкам гардидани заминаи моддию техникии инфрасохтори тандурустӣ, вусъат ёфтани татбиқи усулҳои нави ташхису табобат, хусусан дар самти пайвандсозии узвҳо ва ҷарроҳии дилу рагҳо, ба роҳ мондани ташхиси бемориҳои ирсӣ тавассути Маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикии дорои мутахассисони ихтисосманди соҳавӣ ва тамоми таҷҳизоти муосири гаронарзиш ва фароҳам овардани тамоми имконияту шароитҳои пешгирӣ намудани эҳтимолияти таваллуди навзодон бо нуқсонҳои модарзодии инкишоф ва бо ин мақсад кам намудани шумораи маъюбони аз никоҳҳои хешу таборӣ таваллудшуда, масъалаҳои муайян намудани падарӣ, дарёфти бармаҳали бемориҳои ирсиву авлодӣ дар дохили кишвар, инчунин, истеҳсоли воситаҳои тавонбахшӣ ва беҳтар шудани дастрасии ниёзмандон ба онҳо, таъминоти амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ тавассути ваксинатсия ва пурзӯр намудани назорати давлатии хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ, хусусан назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ дар самти рушди механизми воридоти маводҳои дорувории баландсифат ва танзими нархи онҳо тавассути такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин, ҷиҳати воридоти маҳсулоти хориҷӣ дар баробари зиёд намудани истеҳсолоти маводҳои ватанӣ ва молҳои содиротию воридотивазкунанда  гардиданд”.

Бо назардошти ин гуфтаҳо таъкид бояд кард, ки  дар натиҷа имрӯз шумораи беморони барои ташхис ва табобат ба кишварҳои хориҷӣ рафта коҳиш ёфта, дар баробари он ташрифи шаҳрвандони хориҷӣ аз кишварҳои дигар ба муассисаҳои тандурустӣ дар ҳудуди кишвари мо зиёд шуда истодааст.

Насим Олимзода ҳамчунин аз дастовардҳои назарраси соҳа сухан гуфта, зикр намуд, ки бо мақсади рушди хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ тавассути воридоти технологияҳои  муосир дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ як қатор рӯйдодҳо ба вуқӯъ омаданд. Моҳи июни соли равон аввалин маротиба, дар кишвар, дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» шӯъбаи пайвандсозии мағзи устухон ба фаъолият шурӯъ намуда, 2 нафар бемор ҷарроҳӣ карда шуданд. Бояд қайд кард, ки дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» то имрӯз дар маҷмӯъ ба зиёда аз 306 нафар бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва 19 нафар бемор ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар, дар 6 моҳи соли 2017 бошад, ба 36 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 2 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шуд. Ҳамзамон, дар муассисаи мазкур дар 6 моҳи соли равон ба 28 нафар беморон ва то имрӯз, дар маҷмӯъ ба 63 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии метаболикӣ ҳангоми бемории фарбеҳӣ ва диабети қанди навъи 2 бомуваффақият анҷом дода шуд.

Дар мавриди  саволи рӯзноманигорон дар хусуси воридоти дорувории пастсифат ва бо роҳи қочоқ воридшаванда Вазир иброз дошт, ки Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маводи дорувории хушсифат дар нимсолаи аввали соли 2017 як қатор чорабиниҳо вобаста ба зиёд намудани шумораи маводҳои дорувории бақайдгирифташуда, аз таҳлил гузаронидашуда ба анҷом расонида шудаанд. Дар давраи  сипаришуда ба маблағи умумии 23 миллиону 451 ҳазору 760 доллари амрикоӣ ба ҷумҳурӣ маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ворид карда, содироти маводҳои доруворӣ аз ҷумҳурӣ дар ин давра ба  39 миллиону 374 ҳазору 270 сомонӣ  баробар  шудааст. Дар ин марҳила  бо иштироки комиссияи махсус ба миқдори 13 702 кг  маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббии қалбакӣ, пастсифат, ба таври қочоқ воридшуда, мӯҳлатгузашта, бе сертификати мутобиқат ва сифат бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд. Ҳамчунин Вазорат Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори ҳар як корманди соҳа карда, барои  иҷрои дастуру супоришҳои дар паём баёнгардида, аз ҷумла ҷиҳати бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани озмоишгоҳи ташхиси маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, танзими арзиши доруворӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсоли дору ва рушди саноати дорусозӣ бо ҷалби сармояи мустақим, инчунин, дар самти таъмин намудани самаранокии пешниҳоди кӯмаки унвонӣ ва дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа тамоми кӯшишу ғайрати худро равона намояд. Ба кор шурӯъ намудани Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи милли референсӣ”, ифтитоҳи шӯъбаи пайвандсозии мағзи устухон, оғози корҳои илмию тадқиқотӣ вобаста ба коркарди гиёҳҳои шифобахши мавзеҳои хушманзари “Канаск” – минтақаи Ромит, Сари Хосор, ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг иқдомҳои амалишудаистодаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат мебошад.

Дар охири нишаст вазир Насим Олимзода аз намояндагони воситаҳои ахбори омма даъват ба амал овард, ки “Мо борҳо қайд карда будем ва боз такрор мекунем, вазорат дар шахсияти намояндагони воситаҳои ахбори омма як қисмати ниҳоят пурмасъули ҷомеаро мебинад, ки дар ҳамкорӣ бо моён метавонад қувваю донишу худро барои рушди масъалаҳои ҳифзи солимии аҳолӣ равона намояд.  Боварӣ дорам, ки ин иқдоми вазорат аз ҷониби шумоён, намояндагони воситаҳои ахбори омма низ дастгирӣ меёбад.

Баъдан аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои рӯзноманигорон роҷеъ ба дастовардҳову мушкилоти дар соҳа вуҷуддошта посухҳои мушаххас дода шуд.

Дар нишасти матбуотӣ ҳамаи роҳбарони муассисаҳои ташхисию табобатии ҷумҳурӣ, роҳбарони хадамотҳои назоратӣ ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд, ки ин ба рӯноманигорон имкон фароҳам овард, то дар охири нишаст иловатан бо онҳо ба таври муфассал сӯҳбат дошта бошанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 744
  • 1,242
  • 949,764