Ҷамъбасти фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2018

Ҷамъбасти фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2018
Апрел 25
14:19 2018

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷамъбасти фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2018 доир гардид, ки дар кори он роҳбарияти Вазорат, сардорону масъулони раёсатҳо, хадамоту агентиҳо, муассисаҳои давлативу тиббӣ ва дигар сохтору зерсохторҳои марбута иштирок намуданд.

Ҷаласаро Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, аз ҷумла қайд намуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша аз таваҷҷуҳу дастгирии давлату ҳукумат, хоса дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд гардида, барои беҳдошти тандурустии аҳолӣ ва рушдии иҷтимоии он пайваста тадбиру чораҳои судманд меандешад.

Сипас, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода суханронӣ карда, натиҷаи фаъолияти Вазоратро дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба ҳайати мушовара ва иштирокдорони ҷаласа ироа намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар семоҳаи аввали соли 2018 аз ҷониби Вазорат дар самти таҳкими заминаи ҳуқуқии соҳавӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод карда шуданд. Мавриди зикр аст, ки мавзӯъҳои татбиқи босамари “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020”, рушди таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, пешбурди сиёсати кадрҳо ва илм, беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ, ҳифзи сиҳатии модарону кӯдакон, вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ, татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва истифодабарии мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ аз мавзӯъҳои меҳварии ҷаласа буданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа аз натиҷаи фаъолияти Вазорат дар семоҳаи аввали соли равон изҳори қаноатмандӣ намуда, аз кормандону масъулини соҳа тақозо кард, ки барои боз ҳам беҳтару самараноктар гардидани хизматрасонии тиббӣ дар кишвар, дастрасии аҳолӣ ба он, рушди илмиву касбии тиб ва дигар ҷанбаҳои муҳим тамоми саъйю талош ва донишу малакаи худро ба кор баранд. Ҳамзамон, роҳбарияти Вазорат аз фаъолияти ғайриқаноатбахши бархе масъулону сардорони муассисаҳои зертобеъ интиқод намуда, ба онҳо барои ислоҳи вазъи пешомада ва пешбурди минбаъдаи соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 675
  • 1,242
  • 949,695