Ҷамъбасти мусобиқоти варзишӣ миёни кормандони тиб

Ҷамъбасти мусобиқоти варзишӣ миёни кормандони тиб
Август 15
13:02 2017

Дирӯз дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе мусобиқоти варзишии ташкилнамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.

Хотиррасон менамоем, ки мусобиқаҳои ташкилнамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили мусобиқаи ёздаҳуми футболи хурд, мусобиқаи панҷуми волейбол байни дастаҳои мардонаву занона, мусобиқаи панҷуми тениси рӯимизӣ бо мақсади тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим,   ба ифтихори эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон», ҷашни 20-солагии «Ваҳдати миллӣ», зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, ҳамзамон  бахшида ба рӯзи «Иди касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ҳамасола  18 август таҷлил мегардад, ташкил гардида буд.

Мусобиқоти ташкилгардида миёни кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сурат гирифт.  Дар арафаи ҷамъбасти мусобиқот Насим Олимзода Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳтам Абдулозода раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони муассисаву идораҳои мухталифи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва кормандони ин ниҳод иштирок намуданд.

Дар чорабинии мазкур Насим Олимзода ба ғолибон мукофот ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда куллӣ ҳозиринро бори дигар ба эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон», ҷашни 20-солагии «Ваҳдати миллӣ» табрик намуда  иброз намуд, ки; “солимии ҷомеа солимии давлат буда варзиш яке аз василаи нигоҳдошти тандурустӣ маҳсуб меёбад. Таи соли равон мо чандин ҷашнҳои бузурги давлативу барои миллати тоҷик тақдирсозеро чашн гирифтем. Ҳамин аст, ки мусобиқоти варзишии  ташкилгардида низ маҳз ба хотири  тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим,   ба ифтихори эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон», ҷашни 20-солагии «Ваҳдати миллӣ», зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, ҳамзамон  бахшида ба рӯзи «Иди касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ гардида буд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 973
  • 1,242
  • 949,993