Ҳамкориҳо баҳри боздошти сил

Ноябр 28
09:16 2017

Котиботи Эътилофи «Ҳамкории Боздошти сил дар Тоҷикистон» байни аъзоёни оилаҳои аз бемории сил осебдида омӯзиши машваратиро роҳандозӣ намудааст

Аз нимаи дуюми моҳи ноябри соли равон    Котиботи Эътилофи «Ҳамкории Боздошти сил дар Тоҷикистон», ки таҳти идораи Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Насли ҷавони Тоҷикистон» фаъолият менамояд,  дар доираи лоиҳаи «Ҳамроҳ мо нерумандем» дар ноҳияҳои Ёвон, Вахш, Восеъ ва Фархори вилояти Хатлон,  байни аъзоёни оилаҳои аз бемории сил осебдида омӯзиши машваратиро доир намуд.

Тавре мудири шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Урунбаев хабар дод, иқдоми мазкур бо мақсади дастгирии шахсони гирифори бемории сил, баланд бардоштани  сатҳи маълумотнокии аъзоёни оилаҳои онҳо ва кӯмак барои аз байн бурдани тамғагузорӣ атрофи бемории сил  равона шудааст.

Ба  иттилои манбаъ табобати бемории сил дарозмуддат буда,  шахси бемор берун аз беморхона , яъне дар хона табобат мегирад. Аз  ин рӯ аз аъзои хонавода ҳадди ақал як нафар маҳз барои назорат, нигоҳубин ва дастгирии шахси бемор бояд таъин, маълумотнок ва ӯҳдадор гардад.

Нигоҳубини шахси бемор дар шароити хона ва ҳамзамон аз байн бурдани тамғагузорӣ атрофи бемории сил масъулияти муштарак байни шахси бемор, аъзои оила, хешу табор, ҳамсояву маҳалла, кормандони тандурустӣ ва инчунин шӯъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатӣ дар сатҳи ноҳияро талаб мекунад.

Ҳоло дар  Тоҷикистон ташхис ва табобати бемории сил ба таври ройгон пурра муҳаё буда, табобати беморӣ пеш аз ҳама дар дасти худи бемор мебошад. Зеро бемории шакли мутобиқгаштаи сил табобати дуру дарозро талаб намуда, шахси беморро водор месозад, ки бетанаффуз дорухои зиддислиро истеъмол намояд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 638
  • 1,242
  • 949,658