Ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ густариш меёбанд

Ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ густариш меёбанд
Ноябр 23
15:10 2021

Имрӯз, 23 ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  бо миссияи Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии хонум Фадия Саада, директори минтақавӣ оид ба рушди инсони Бонки ҷаҳонӣ  баргузор гардид, ки дар он муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода,  намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва Туркманистон Озан Севимли,  мудири департаменти таҷрибаи глобалӣ оид ба ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғл дар минтақаи Бонки ҷаҳонӣ, Ҷем Мете,  роҳбари барномаи рушди инсони Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Сусанна Хайрапетян ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода меҳмононро ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам намуда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорат ба ҷиҳати дастгириҳои пайвастаи соҳа ба бонки мазкур изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Дар идомаи суханронии хеш номбурда ҳамзамон иброз дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ шарики боэътимоди стратегии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки дар давраи пандемияи COVID-19 ба кишвар кӯмаки грантӣ пешниҳод намудааст.

Зикр гардид, ки миссияи Бонки ҷаҳонӣ давоми як моҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади мусоидат дар пешрафти амалисозии лоиҳаҳои соҳаи тандурустӣ ва баррасии имконияти ҷалби маблағҳои иловагӣ як қатор  чорабиниҳоро бо муваффақият анҷом намуд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои вазорат бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти татбиқи Стратегияи рушди саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мубодилаи афкор намуданд.

Тавре қайд гардид, бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”-ро дар  ноҳияҳои қаблии вилоятҳои Хатлону Суғд ва аз соли 2021 дар 6 ноҳияи нави таҷрибавӣ татбиқ  менамояд, ки лоиҳаи мазкур айни замон 16 ноҳияҳои таҷрибавиро фаро мегирад.

Инчунин, гуфта шуд, ки дар давраи пандемияи  COVID-19 аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон (ТЕС-19) низ мавриди амал қарор гирифт, ки самтҳои фаъолияти он-тақвият додани иқтидори соҳаи табобати интенсивӣ ва эҳё, дастгирии чорабиниҳои иттилоотӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ аз хавфу хатарҳои оқибатҳои имконпазири  пандемияи COVID-19 ва расонидани кумакпулии яквақтаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ маҳсуб меёбанд.

Қайд гардид, ки дар доираи лоиҳаи мазкур то имрӯз як қатор корҳои муҳиму назаррас ба анҷом расонида  шуданд.

Ҳамзамон, дар мулоқот наворҳои кӯтоҳ вобаста ба татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”  ва Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон (ТЕС-19) пешниҳоди ҳозирин гардонида шуданд.

Дар мулоқот вобаста ба бахши ҳифзи иҷтимоӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед низ баромад намуда, дар навбати аввал ба Бонки чаҳонӣ ҷиҳати расонидани кӯмак дар бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат аз номи роҳбарияти вазорат  изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Ҳамин тавр, мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, баҳри густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба изҳори ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.

Дар охир ҳамчун арзи эҳтиром ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 683
  • 1,242
  • 949,703