Ҳамкориҳои мутахассисони Тоҷикистон ва Россия оид ба масъалаҳои ғизо густариш меёбанд

Ҳамкориҳои мутахассисони Тоҷикистон ва Россия оид ба масъалаҳои ғизо густариш меёбанд
Октябр 05
10:01 2022

Ҳолати беҳтар гардидани вазъи ғизо барои мустаҳкам намудани саломатии аҳолӣ хеле зарур мебошад. Муҳим будани масъалаи озуқаворӣ дар паёмҳои ҳарсола ва вохӯриҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ёдрас карда мешаванд.

Масъалаҳои ташкили ғизои аҳолӣ яке аз самтҳои асосии стратегии Ҳукумати мамлакат буда, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ қабул гардидани 2 қонун, 2 стратегия, 3 барнома ва 1 нақшаи сатҳи миллӣ гувоҳи муҳим будани масъалаи мазкур мебошад.

Дар ин замина, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кориро таҳти роҳбарии директори МД «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо» н.и.т., Шарипов А.С., барои табодули таҷриба, бастани шартномаи ҳамкорӣ ва гузаштани курси махсуси омузишӣ дар масъалаҳои ғизо (диетология) аз 02.10.2022 сол ба Федератсияи Россия сафарбар намуд.

Зимни сафари корӣ  санаи 3 октябри соли равон гурӯҳи корӣ бо директори Муассисаи давлатии Федералии маркази илмию тадқиқотии ғизо, биотехнологияи ва бехатарии махсулоти хурокаи Федератсияи Россия  академик Никитюк Д.Б, сардиетологи Федератсияи Россия академик Тутельян В.А ва ҳайати профессорону мутахассисон вохӯрӣ намуда,  масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъдаро мавриди баррасӣ карор доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 291
  • 1,242
  • 949,311