29 октябри соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода бо Роҳбари Намояндагии JICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунео Такасака вохурии онлайнӣ анҷом дод.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода доир ба ҳамкориҳои вазорат бо Намояндагии JICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан дар самти солимии модар ва кӯдак суханронӣ намуд.
Дар вохурӣ ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таъмини солимии модар ва кӯдак табодули афкор намуда, ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо дар ин самт ҳавасмандии хешро иброз намуданд.
Баъдан, Роҳбари Намояндагии JICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мунео Такасака роҷеъ ба саҳми Ҳукумати Ҷопон дар татбиқи бомуваффақияти лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ тавассути Намояндагии JICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Тавре таъкид гардид, JICA яке аз шарикони муҳими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба то имрӯз як қатор лоиҳаҳо муваффақона татбиқ гардида истодаанд.