Ҳамкориҳои Донишгоҳи тиббӣ бо Донишкадаи шаҳри Пекин густариш меёбанд

Ҳамкориҳои Донишгоҳи тиббӣ бо Донишкадаи шаҳри Пекин густариш меёбанд
Июл 30
14:11 2019

Ба хотири густариши робитаҳои судманди байнисоҳавӣ, табодули таҷриба дар самти таъсиси корхонаҳои дорӯсозӣ (аз ҳисоби гиёҳҳои шифобахши кишвар) ҳайати меҳмонон аз Донишкадаи шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарии ректори донишкадаи мазкур хонума Тиан Пеюан ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳо ташриф оварданд.

Ҳайати меҳмононро муовини ректори донишгоҳи мазкур оид ба таълим доктори илмҳои тиб профессор Ибодов С.Т. ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуда, ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории миёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишкадаи шаҳри Пекинро ба имзо расониданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар доираи созишномаи ба тавсиб расида ва инчунин дар доираи лоиҳаи “Як камарбанд як роҳ” дар ояндаи наздик дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи шаҳри Пекин дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино таъсис намудани маркази тибби халқии Чин дар назар гирифта шудааст.

Ҳамзамон ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани мубодилаи академӣ миёни донишҷӯён, магистрон, доктарантон ва кормандони худ баён намуданд.

Баъди мулоқот ҳайати меҳмонон аз маркази таълимӣ, илмӣ, истеҳсолии “Фарматсия” дидан намуда, бо маводҳои дорувории истеҳсолнамудани марказ шиносоӣ пайдо намуданд. Дар навбати худ ҷонибҳо дар самти тайёр намудани маводи доруворӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳоро мувофиқи мақсад шумориданд.

Дар ин бора сомонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино иттилоъ медиҳад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 974
  • 1,242
  • 949,994