Бо мақсади рушди соҳаи дилшиносӣ, таҳлил ва баррасии умдатарин масъалаҳои соҳа ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд ҳамоиши дилшиносони вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш мавзӯъҳои муҳими соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуда, як қатор дилшиносон доир ба самтҳои гуногуни масъалаи мавриди назар баромад намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонии соҳаи дилшиносӣ дар муасисаҳои тандурустии вилоят ба мутахассисони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Инчунин, аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳа ба табибони ҷавони соҳа оид ба гузаштани такмили ихтисос ва машғул шудан ба корҳои илмӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ва берун аз он таклифу пешниҳодоти муфид ироа гардид.