Ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ноябр 04
15:10 2022

Бахшида ба яке аз санаҳои муҳиму фархунда барои миллати тоҷик-Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо сухани табрикотӣ баромад намуда, аз номи роҳбарияти вазорат ҳозирин ва дар симои онҳо кулли мардуми сарбаланди мамлакатро бахшида ба ин санаи таърихӣ табрику муборакбод намуд.

Гуфта шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул  гардида, ба он солҳои 1993, 2003  ва 2016 тағйирот ворид карда шудааст, ки он аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад.

Боиси фараҳмандист, ки ҳамасола дар саросари ҷумҳурии азизамон ин санаи муҳиму тақдирсоз бо тантана таҷлил карда мешавад. Таҷлили ин сана бори дигар шаҳрвандони мамлакатро водор месозад, ки ба таърихи миллати хеш назар афкананд  ва аз таърихи пайдоиши ин ҷашн огоҳӣ пайдо намоянд.

Воқеан ҳам Рӯзи қабули Конститутсия яке аз санаҳои басо муҳим ба шумор меравад. Чун ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз дар Тоҷикистон замоне қабул гардид, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Бинобар ин, барои барқарор намудани сулҳу оромӣ, ваҳдати комил, ҳифзи якпорчагии марзу буми мамлакат ва муайян намудани заминаҳои ҳуқуқии рушди тамоми  соҳаҳои кишвар зарурати қабули Конститутсия пеш омад.

Бо қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз таъмини волоияти қонун ва рушди тамоми соҳаҳо дар Тоҷикистон таъмин гардида, баҳри пешрафти самтҳои гуногуни ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: “Қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад”.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 578
  • 1,242
  • 949,598