Ҳамоиши табибони асабшинос

Ҳамоиши табибони асабшинос
Ноябр 13
14:14 2017

Бо мақсади вусъат додани фаъолият дар самти ташхиси мукаммалу табобати бемориҳои асаб, аз ҷумла ташхису табобати бемории Гийен-Барре ва сактаи майнаи сар, дар  Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” оид ба  бемории  “Вайроншавии гардиши хун дар майнаи сар” ва бемории “Алоими Гийен-Барре” ҷамъомад баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва намояндагони  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони   Академияи илмҳои Федератсияи Россия, намояндагон аз  Ҷумҳурии Молдова ва дигар  табибони асабшиноси шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок доштанд.

Чорабинии мазкур дар доираи амалишавии “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” сурат гирифт.

Дар чорабинии мазкур вобаста ба  мавзӯоти  “Стратегияи муосири муолиҷаи беморон, норасоии шадид ва музмини хун гардиш дар мағзи сар”,  “ Сактаи майнаи сар дарди рӯз” ва дигар масъалаҳои вобаста ба соҳа гуфтушунид сурат гирифта маърӯзаҳо низ шунида шуд.

Дар чорабинӣ ҳамзамон зикр шуд, ки Алоими Гийен-Барре яке аз бемориҳои вазнини системаи асаби атрофӣ ба ҳисоб меравад, ки дар сеяки ҳолатҳо чораҳои комплексии табобати интенсивӣ, инчунин дастгоҳи нафаси сунъиро талаб менамояд. Алоими Гийен-Барре аксар вақт сабаби фалаҷу нимфалаҷҳои атрофӣ мешавад. Назари махсуси асабшиносон нисбати Алоими Гийен-Барре дар давоми даҳсолаи охир тасодуфӣ нест. Ин беморӣ яке аз чандин ва шояд ягона дар байни бемориҳои вазнини системаи асаб мебошад, ки ҳангоми табобати саривақтӣ ва тафриқашуда барқарорсозии пурраи беморон мушоҳида мешавад.

Дар ҷамъомад ҳамзамон   тағироти назарраси  табиати Алоими Гийен-Барре,  хусусиятҳои зоҳиршавӣ ва паҳншавии Алоими Гийен-Барре, сабабҳои беморӣ, табобат, ташхиси тафриқавӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин намуди беморӣ мавридӣ таҳлилу баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 744
  • 1,242
  • 949,764