Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти хизматрасонии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов” дидан намуда, бо беморон ва наздикони онҳо суҳбати озоду ошкоро анҷом дод

Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти хизматрасонии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов” дидан намуда, бо беморон ва наздикони онҳо суҳбати озоду ошкоро анҷом дод
Июн 04
13:59 2021

Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи беморхонаҳо ва марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои кишвар гаштҳои рӯзона ва шабонаро ба роҳ мондааст.

Бо ин мақсад вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода шаби 3 июни соли равон аз  рафти фаъолияти хизматрасонии тиббии Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов”-и шаҳри Душанбе дидан намуд.

Зимни боздид вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бо фаъолияти  муассисаи мазкур шинос шуда, оид ба рафъи мушкилиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамзамон, дар ин ҷо номбурда бо як қатор беморон ва наздикони онҳо суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, доир ба хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шуд.

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз боздиди роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои тандурустӣ-ин пеш аз ҳама шиносоии бевосита пайдо намудан бо фаъолияти онҳо, таҳлили вазъи соҳа, суҳбати озоду ошкоро бо беморон ва наздикони онҳо ва дар ин замина боз ҳам хубтару беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 22
  • 818
  • 1,242
  • 949,838