Ҷамолиддин Абдуллозода: Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон зери таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати мамлакат қарор дорад

Ҷамолиддин Абдуллозода: Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон зери таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати мамлакат қарор дорад
Феврал 17
17:20 2021

Имрӯз, 17 феврали соли равон дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ доир ба таҳлилу баррасии масъалаҳои хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини вазир Зулфия Абдусаматзода, роҳбарони таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии кишвар иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни суханронии хеш иброз намуд, ки беҳтар намудани хизматрасонии босифати тиббӣ ба модарон ва кӯдакон таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, давоми солҳои охир ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти соҳа дар кишвар як қатор тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шудаанд.

Зикр гардид, ки маҳз таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи мазкур мебошад, ки имрӯз хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон дар кишвар беҳтар гардида, дар ин самт натиҷаҳои мусбат ба даст омадаанд.

Бояд гуфт, ки ҳифзи саломатии модарону кӯдакон самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ин самт давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат як  қатор ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалӣ, аз қабили «Созишнома дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак» (с.1993), «Созишнома дар бораи бартараф намудани ҳамаи намудҳои зӯроварӣ нисбат ба занон» эътироф карда шудаанд.

Баҳри паст намудани беморшавӣ  ва фавти кӯдакон ва расидан ба Ҳадафҳои  Рушди Устувор  дар соҳаи ҳифзи хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон масъалаҳои афзалиятноки соҳа ин беҳтар намудани  хизматрасониҳои тиббӣ ба занҳои ҳомила, навзодон, кӯдакон, ғизои солим, иммунизатсия, солимгардонии кӯдакони маъюб ва саломатии наврасон боқӣ мемонанд.

Маврид ба зикр аст,  ки давоми солҳои охир дар кишвар якчанд усулҳои нави инноватсионии табобати кӯдакон, аз ҷумла ҷарроҳии нуқсонҳои модарзодии дил, ҷарроҳии тармими ҷоғу рӯй, табобати бемориҳои саратони кӯдакона, нейроҷарроҳии кӯдакона, ҷарроҳии бемориҳои ортопедӣ, алалхусус бемории фалаҷ ба роҳ монда шуданд.

Дар идомаи ҷаласа масъалаву мушкилоти соҳа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар охир Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 625
  • 1,242
  • 949,645