Ҷамолиддин Абдуллозода бо хатмкунандагони Донишгоҳи тиббӣ мулоқот намуд

Ҷамолиддин Абдуллозода бо хатмкунандагони Донишгоҳи тиббӣ мулоқот намуд
Май 07
17:19 2021

Имрӯз, 7 майи соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино”  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо хатмкунандагони донишгоҳи мазкур мулоқот намуд.

Ҳамзамон, дар мулоқот ректори донишгоҳи мазкур Маҳмадшоҳ Гулзода, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот иброз намуд, ки воқеан хатм намудани ин боргоҳи илм барои ҳар як нафар боиси ифтихор ва сарфарозӣ ва ҳамзамон масъулияти бузург аст. Бинобар ин, аз мутахассисони ҷавон даъват ба амал оварда шуд, ки дар касби хеш содиқ ва ворисони ҳақиқии Синои бузург бошанд.

Дар мулоқот масъалаҳои  таъмини хатмкунандагон бо ҷои кор ва идомаи таҳсили мутахассисони ҷавон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар анҷом як қатор донишҷӯён доир ба масъалаҳои гуногун саволҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби вазир ва роҳбарияти донишгоҳ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 730
  • 1,242
  • 949,750