Январ 29
14:57
2022
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Ордени Кумитаи ҷанговарони интернатсионалисти назди Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ барои хизматрасонии тиббӣ қадрдонӣ шуд.
Маросими тақдими ордени макзур имрӯз, 29 январи равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби намояндагони кумитаи мазкур баргузор гардид.
Аснои тақдими Орден намояндагони Кумитаи номбурда ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан вазир Ҷамолиддин Абдуллозода барои хизматрасонии тиббӣ ба ҷанговарони интернатсионалист изҳори миннатдорӣ баён намуданд.