Ҷамолиддин Абдуллозода бо сертификати фахрии Бонки осиёии рушд сарфароз гардонида шуд

Ҷамолиддин Абдуллозода бо сертификати фахрии Бонки осиёии рушд сарфароз гардонида шуд
Апрел 12
16:17 2022

Имрӯз, 12 апрели соли равон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон директори Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (Гранти Бонки осиёии рушд-0627-TAJ(SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар Лоиҳаи беҳтарини Бонки осиёии рушд дар соли 2021 пазируфта шудани лоиҳаи  “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” аз ҷониби Бонки осиёии рушд бо сертификати фахрӣ сарфароз гардонида шуд.

Зимни тақдими сертификати мазкур Родора Консепсион, сардори бахши татбиқи Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Фируз Сафаров, ёрдамчии бахши татбиқи Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Ганҷина Фазилова, мутахассиси хурд оид ба татбиқи Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Шавкат Восиев, таҳлилгари татбиқи Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муттабархон Раҳимова, таҳлилгари хурди татбиқи Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҳмудзода Исфандиёр, менеҷери Гуруҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ширкат варзиданд.

Қайд кардан зарур аст, ки Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”(Гранти Бонки осиёии рушд-0627-TAJ(SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт ва Файзободи тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон амалӣ шуда истода, ҳадафи асосии Лоиҳа беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарону кудакон дар ноҳияҳои таҷрибавӣ мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 641
  • 1,242
  • 949,661