Ҷамолиддин Абдуллозода бо Ян-Петер Олтерс, Намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон мулоқоти онлайнӣ анҷом дод

Ҷамолиддин Абдуллозода бо Ян-Петер Олтерс, Намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон мулоқоти онлайнӣ анҷом дод
Июл 02
17:58 2021

Дар доираи маблағгузории дуюми иловагии Бонки Умумиҷаҳонӣ барои дастгирии соҳаи тандурустии Тоҷикистон рӯзҳои 25-29 июни соли равон бо иштироки мутахассисони Бонки мазкур  ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳо дар Тоҷикистон  машварати маҷозӣ баргузор гардид.

Дар машварати маҷозӣ раванди амалисозии лоиҳаҳо дар доираи маблағгузории дуюми иловагӣ дар давраи аз моҳи январи соли 2021 ба соҳаи тандурустии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Бо мақсади натиҷагирӣ аз машварати мазкур имрӯз, 2 июли соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс мулоқоти онлайнӣ анҷом дод.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириҳои пайваста ба ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, аз ҳамкориҳои вазорат бо бонки мазкур дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо натиҷаҳои машварати маҷозиро, ки рӯзҳои 25-29 июни соли равон ҷиҳати  амалисозии лоиҳаҳо дар доираи маблағгузории иловагии Бонки ҷаҳонӣ ба соҳаи тандурустии Тоҷикистон доир гардид, хуб арзёбӣ намуда, баҳри амалисозии онҳо ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 680
  • 1,242
  • 949,700