Ҷамолиддин Абдуллозода донишҷӯёнро ба оғози соли нави таҳсил табрик гуфт

Ҷамолиддин Абдуллозода донишҷӯёнро ба оғози соли нави таҳсил табрик гуфт
Август 17
14:07 2020

Имрӯз, 17 августи соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба оғози соли нави таҳсил чорабинии идона доир гардид, ки дар он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшо Гулзода, устодону донишҷӯёни ин даргоҳ иштирок намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон устодон ва донишҷӯёни ин даргоҳи таълимиро ба оғози соли нави дониш табрик намуда, иброз дошт, ки махсусан ба ҷавононе, ки донишу малакаи худро нишон дода, номи пурифтихори донишҷўро сазовор гардиданд ва имрӯз нахустин қадамҳои худро ба ин даргоҳи илму боргоҳи маърифат гузоштанд, таҳсили хубу аълоро таманно карда, орзуманди онем, ки дар оянда ҳамчун кадрҳои сазовор ба воя расанд ва барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон саҳмгузор гарданд.

-Ҷойи ифтихор аст, ки чун анъана дар ин айём ба муносибати оғози соли хониш аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаҳои нави таълимӣ ифтитоҳ гардида, ҳамзамон бо омўзгорону донишҷўён ва масъулини соҳаи маориф мулоқот анҷом дода шуд.

Имрӯз суханронии Сарвари давлатро ба муносибати рӯзи аввали хониш дар муассисаи таҳсилоти умумии миёнаи №102 шаҳри Душанбе шунидем, ки дар он самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи маориф баён гардида, таваҷҷуҳи асосӣ ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва омода кардани кадрҳои болаёкат нигаронида шудааст.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вобаста ба ин муҳимият иброз доштанд: «Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калиди мебозанд»,-иброз дошт Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода.

Қайд гардид, ки новобаста аз вазъи мураккаби молиявӣ, раванди буҳрони иқтисодии чаҳонӣ, ва мушкилоти мавҷуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини босуботи ояндаи кишвар ва рушди бомароми ҷомеа ба соҳаи маориф ҳамчун самти муҳими иҷтимоӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда, пайваста пешрафти онро дастгирӣ менамояд.

Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолии кишвар бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд мегардад.

Дар баробари ин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияи донишҷўён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ ба 10 фоиз зиёд карда мешавад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 163 иншооти соҳаи маориф барои 33 ҳазору 110 ҷойи нишаст ба маблағи зиёда аз 405 миллон сомонӣ ба нақша гирифта шуда аст.

Бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ, корҳои бузурги созандагӣ ҷиҳати беҳтар намудани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва сохтмони мактабҳои нав дар маҳалҳои аҳолинишини навбунёд дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, пеш аз ҳама дар деҳаҳои дурдаст бо маром идома дорад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 22
  • 818
  • 1,242
  • 949,838