Ҷамолиддин Абдуллозода: Дар даврони истиқлолият дар кишвар 1258 муассисаи нави соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бунёд гардид

Ҷамолиддин Абдуллозода: Дар даврони истиқлолият дар кишвар 1258 муассисаи нави соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бунёд гардид
Сентябр 08
16:07 2020

Ҳануз 29 сол қабл, санаи 9-уми сентябри соли 1991 мардуми тоҷик  Истиқлоли комили давлати ягонаи хешро ба даст овард. Аниқтараш маҳз дар ин сана ормони садсолаҳо  дар қалб парваридаи миллати тоҷик, ки зиёда аз ҳазор сол кӯшиши дубора бунёди давлати миллӣ ва ягонаро дошт, ҷомаи амал пӯшид. Маҳз дар ин сана миллати куҳанбунёд ва тамаддунофари тоҷик соҳиби давлати мустақили хеш гардид ва дар арсаи байналмилалӣ кишваре бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд.

Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли комили миллӣ  обрӯ ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як кишвари дар самти баррасӣ ва пешниҳоди масъалаҳои глобалӣ дар арсаи байналмилалӣ фаъол  хеле боло рафт. Аз ҷумла ташаббус ва иқдомҳои бузурги байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мубрами умумимиллӣ, махсусан мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ дар як қатор минтақаҳои олам, мубориза бар зидди падидаҳои номатлуби аср, ба монанди терроризм ва экстремизим, қочоқи маводи мухаддир, хариду фурӯши одам ва дигар масъалаҳои мубрам аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамраъйии хешро пайдо намуданд.

Дар воқеъ дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият таҳти сарварии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду тараққии кишвар беназиранд.

Аз ин лиҳоз, мардуми сипосгузори тоҷик муборизаҳои ҷоннисорона ва хизматҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлати муосири Тоҷикистон пос дошта, ин фарзанди фарзонаи миллатро  ба мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат пешбарӣ карданд. Рӯйдоди аз ҳама муҳиму фараҳбахши таърихӣ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат” мебошад, ки 9 декабри соли 2015 аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Дар маҷмӯъ, он ҳама муваффақият ва дастовардҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 29 соли соҳибистиқлолии давлатӣ ба даст овардааст,  маҳз самараи талошҳои хастанопазир ва меҳнату заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд.

Як нуктаро мехоҳам таъкид намоям, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо иқдоми бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мамлакат ба таври бесобиқа рушд намуда, ба дастовардҳои бузург ноил гардид.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳифзи солимии аҳолии мардуми кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии босифати тиббӣ ва ба талаботи замон ҷавобгӯ намудани он аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат як қатор барномаву стратегия ва дигар санадҳои муҳим қабул ва амалӣ гардида истодаанд.

Дар ин росто, қайд намудан ба маврид аст, ки дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар замони истиқлоли давлатӣ 1258 муассисаи нав сохта ба истифода дода шуда, шумораи умумии онҳо аз 2862 муассиса дар соли 1991 то 4369 муассиса дар соли 2020 афзоиш ёфт.

Боиси сарфарозист, ки имрӯзҳо  ворисони Синои бузург дар пайравӣ ба сиёсати дурандешона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушд ва пешрафти соҳаи тандурустии Тоҷикистони азизамон саҳми намоён гузошта истодаанд.

Ҳамзамон, ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхис ва табобат, ки қаблан шаҳрвандони кишвар барои анҷом додани онҳо ба кишварҳои хориҷӣ сафар менамуданд, аз дастовардҳои назарраси соҳаи тандурустии кишвар ба шумор мераванд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки имрӯз табибони тоҷик дар баробари ҳамтоёни хориҷии хеш дар ташхис ва табобати беморон маҳорати баланд доранд. Далели ин гуфтаҳо муроҷиати шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати гузаштан аз ҷарроҳиҳои мураккаб ба муассисаҳои тандурустии мамлакат мебошад, ки ин албатта аз маҳорати баланди касбии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон дарак медиҳад.

Самти тарбияи кадрҳо ва бо мутахассисон таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ ҳамеша зери таваҷҷӯҳи хосаи роҳбарияти вазорат қарор дорад.

Ба ҳолати 1 январи соли 2020 миқдори умумии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар ҷумҳурӣ мутаносибан ба 19080 ва 53982 нафар баробар буда, нишондиҳандаҳои таъминотнокӣ бо табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ ба 10 000 аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 20,9 ва 59,1 – ро ташкил менамояд.

Бо мақсади омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи “Барномаи тайёр намудани кадрҳо барои давраи то соли 2030” ва нақшаи чорабиниҳои татбиқи он дар таҳрири нав бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Яке аз масъалаҳои мубраме, ки  айни ҳол соҳаи тандурустии  аксар кишварҳои оламро ба мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ намуда истодааст, паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 мебошад.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз аз замони дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба қайд гирифтани ин беморӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҷиҳати пешгирии интиқоли ин беморӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуданд.

Натиҷаи андешидани чорабиниҳои муҳим ва саривақтӣ буд, ки бемории коронавируси нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  назар ба кишварҳои ҳамсоя дертар ба қайд гирифта шуд.

Мутаассифона, новобаста аз тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат 30 апрели соли равон аввалин маротиба сирояти коронавируси нави COVID-19  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.

Ҷиҳати пешгирии ин беморӣ 23 январи соли 2020, №37 Ситоди ҷумҳуриявии доимоамалкунандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии сироятҳои вирусӣ таъсис дода шуда, 24 январи соли 2020 Нақшаи чорабиниҳои он аз тарафи Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 январи соли 2020 “Нақшаи чорабиниҳо бо мақсади пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси нави Covid-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ гардиданд.

Хушбахтона, маҳз дар натиҷаи талошҳои хастанопазири табибони кишвар имрӯзҳо шиддати бемории COVID-19 дар Тоҷикистон коҳиш ёфта истодааст. Вале, новобаста ба ин, барои пурра аз байн бурдани ин беморӣ мо табибонро лозим аст, ки  боз ҳам софдилона ва содиқона муборизаро бар зидди ин беморӣ идома бидиҳем.

Воқен, табибони Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба қайд гирифтани сирояти коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат ба ҳайси як лашкари бузург бар зидди ин беморӣ мубориза бурда истодаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳмати табибонро барои мубориза бо бемории коронавируси нави COVID-19 қадр менамояд.

Таъкид намудан ба маврид аст, ки бо мақсади дастгирии табибон ва ҳамшираҳои шафқат бо Амри Президенти мамлакат аз 1 майи соли 2020 иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи тиб дар ҳаҷми 12,4 миллион сомонӣ ба имзо расид. Ҳамзамон бо ин, барои бо маводи ғизоӣ таъмин намудани беморхонаҳо зиёда аз 11 миллион сомонӣ ҷудо карда, сари вақт ба муассисаҳои тиббӣ расонида шуд. Инчунин бо мақсади мубориза ба муқобили коронавирус суратҳисоби махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода шуда, то ба имрӯз аз ин суратҳисоб беш аз 4 миллион сомонӣ барои харидории доруворӣ ва таҷҳизот сарф гардидааст. Илова бар ин, аз ҳисоби буҷети Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 13,4 миллион сомонӣ доруворӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии тиббӣ харидорӣ шудааст.

Ҳамзамон, маврид ба ёдоварист, ки 18 августи соли равон  бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тибби мамлакат бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи сарфароз гардонидани кормандони соҳаи тандурустӣ барои комёбиҳои меҳнатӣ, фаъолияти фидокорона, эҳсону шафқат, муваффақият дар ҳифзи саломатии аҳолӣ ва расонидани ёрии тиббӣ ба 53 нафар кормандони соҳа аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мукофотҳои давлатӣ — Унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ордени Шараф дараҷаи I, 3 ордени Шараф дараҷаи II, 27 Медали Хизмати шоиста, 17 медали Шафқат ва Ифтихорномаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Бо боварии комил гуфта метавонам, ки мо кормандони соҳаи тандурустии мамлакат минбаъд низ баҳри иҷрои вазифаҳои дар пеш истодаи худ, иҷрои саривақтии қонунгузории соҳавӣ ва  ташкили самарабахши хизматрасонии тиббӣ бо масъулияти баланд кору фаъолият намуда, баҳри бо сарбаландӣ ва дастовардҳои беназир пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя кӯшиш ба харҷ медиҳем.

Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Ҷамолиддин Абдуллозода,

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии

аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 915
  • 1,242
  • 949,935