Ҷамолиддин Абдуллозода ва Озан Севимли бо фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон шинос шуданд

Ҷамолиддин Абдуллозода ва Озан Севимли бо фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон шинос шуданд
Апрел 09
15:41 2022

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ баҳри таъмини солимии шаҳрвандон тамоми кӯшиш ва талоши худро равона сохта, то имрӯз дар ин самт як қатор корҳои муҳиму назаррасро ба анҷом расонидааст.

Хосатан, дар ин самт дар тамоми манотиқи кишвар даҳҳо муассисаҳои хуштарҳу замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо навтарин таҷҳизоти муосир сохта ба истифода дода шуданд, ки дар натиҷа сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ боз ҳам хубтару беҳтар гардид.

Ҷиҳати шиносоии бевосита пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ санаи 8 марти соли равон  гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ва роҳбари дафтари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли аз як қатор муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон дидан намуданд.

Нахуст  гурӯҳи кории вазорат ва меҳмонон аз шӯъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи клиникии вилоятӣ ба номи Бӯрӣ Воҳидови вилояти Хатлон дидан намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, шӯъбаи мазкур соли 2021 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд таъмир шуда, бо навтарин таҷҳизоти муосир таъмин шудааст.

Дар шӯъбаи мазкур барои табобати беморон тамоми шароит ва имконоти мусоиди ташхису табобат муҳайё карда шудааст.

Баъдан дар шаҳри Бохтар гурӯҳи кории вазорат  ва меҳмонон аз рафти хизматрасонии тиббии Маркази перинаталии вилояти Хатлон дидан намуданд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки маркази мазкур 27 октябрисоли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор  дода шуд.

Маркази перинаталӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барномаи “Ҳифзи солимии модар ва кӯдак ва ёрии таъҷилӣ” дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бо тарҳи зебову замонавӣ дар назди Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов бунёд гардидааст.

Муассисаи нави соҳаи тандурустӣ аз 3 ошёна иборат буда, дорои 10 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои қабул, ташхис, таҳлилгоҳ, модару кӯдак, таваллуд, амалиёти ҷарроҳӣ ва эҳёи калонсолон мебошад.

Дар шуъбаи амалиёти ҷарроҳӣ, ки дар ошёнаи 3-уми бино ҷойгир аст, барои гузаронидани аксар намуди амалиёти ҷарроҳии эндовидеоӣ дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ васлу насб гардидааст, ки пас аз ҷарроҳӣ беморон бистарӣ ва ба эҳёгарӣ фаро гирифта мешаванд.

Тавре аён гардид, айни замон дар маркази мазкур ба беморон дар сатҳи зарурӣ хизматрасонии тиббӣ расонида шуда истодааст, ки ин аз таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати кишвар ба соҳа дарак медиҳад.

Ҳамзамон дар идомаи сафар гурӯҳи корӣ  ба ноҳияи Данғара ташриф оварда, бо фаъолияти марказҳои саломатии деҳоти Навобод ва Хуррамзамини ноҳияи мазкур шинос шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки Маркази саломатии деҳоти Навобод моҳи апрели соли 2017 сохта шуда, он бо навтарин таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ таъмин карда шудааст.

Махсусан барои ба ваксинатсия фаро гирифтани шаҳрвандон маркази саломатии мазкур бо яхдон барои нигоҳдории ваксинаҳо, зарф барои интиқоли ваксинаҳо, зарф барои ях, ҳароратсанҷ, ҷувздон ва ғайра таъмин шуда, табибони марказ байни шаҳрвандон бобати зарурати гирифтани ваксина корҳои тарғиботию ташвиқотиро пурзур намуда, аллакай ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Шумораи  хонаводаи ба маркази мазкур вобасташуда 515  ададро ташкил медиҳад.

Маркази саломатии деҳоти Хуррамзамин аз соли 2016 фаъолият менамояд, ки дар он низ тамоми таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Шумораи  хонаводаи ба маркази номбурда вобаста гардида 1911 ададро ташкил медиҳад, ки ба аҳолӣ дар сатҳи зарурӣ хизматрасонии тиббиро ба роҳ мондааст.

Кормандони марказҳои саломатии мазкур тамоми кӯшиш ва талоши хешро баҳри таъмини солимии аҳолӣ равона сохта, пайваста талош меварзанд, ки дар ҳифзи саломатии сокинон саҳми назарраси хешро гузоранд.

Баъд аз анҷоми сафари корӣ меҳмонон ба вазъи феълии хизматрасонии тиббӣ дар минтақа баҳои хуб доданд ва бобати боз ҳам беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ дар вилоят, хосатан дар самти таъмини марказҳои саломатӣ бо дастгоҳу лавозимоти тиббӣ барои ҳамкорӣ ва кӯмак ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки тайи солҳои охир дар доираи ҳамкориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикон оид ба рушд дар саросари мамлакат дастгоҳу лавозимоти тиббӣ зиёд гардида, вазъи хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандон  беҳтару хубтар мегардад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 27
  • 440
  • 1,242
  • 949,460