Анҷумани 3-юми ҷарроҳон, анестезиологҳо ва эҳёгарони кӯдаконаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид

Анҷумани 3-юми ҷарроҳон, анестезиологҳо ва эҳёгарони кӯдаконаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Ноябр 26
14:01 2020

Имрӯз, 26 ноябри соли равон дар Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳуриии Тоҷикистон Анҷумани 3-юми ҷарроҳон, анестезиологҳо ва эҳёгарони кӯдаконаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Усулҳои муосири ҷарроҳии кӯдакона ва масъалаҳои табобати интенсивӣ: дастовард, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо” ба тариқи фосилавӣ доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода Сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи вазорат Зоир Набиев ва як қатор мутахассисони варзидаи соҳа иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода зимни ифтитоҳи анҷумани мазкур иброз дошт, ки Анҷумани 3-юми ҷарроҳон, анестезиологҳо ва эҳёгарони кӯдаконаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад, зеро, масъалаҳое, ки дар ин анҷуман муҳокима мешаванд, барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ва ҳифзи саломатии кӯдакон равона карда шудаанд.

Қайд гардид, ки  давоми солҳои охир аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо олимон ва мутахассисони соҳа корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст, ки дар мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ва паст кардани сатҳи фавти кӯдакон равона шудаанд.

Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ҷарроҳӣ намудани кӯдакони гирифтори нуқсонҳои модарзодии дил ба роҳ монда шудааст, ки ҳар сол даҳҳо нафар кӯдакони бемор ҷарроҳӣ карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар фаъолияти табибон усулҳои нави ҷарроҳӣ, ба монанди торакопластика бо усули наса, эзофагопластикаи навзодон, сфинктеропластика дар ҳолати норасоии сурохии маъқад, проктопластикаи трансаналӣ, истифодаи усулҳои эндоҷарроҳӣ дар урология ва батнӣ ва ғайра мисол шуда метавонанд, ки ба таври васеъ истифода бурда шуда, аз малакаи баланди касбии мутахассисони соҳа шаҳодат медиҳанд.

Дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ба аҳолӣ, алалхусус ба кӯдакон, паст кардани нишондиҳандаҳои беморшавӣ, маъюбӣ ва фавт яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа ба ҳисоб меравад.

Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд зиёда аз 700 нафар мутахассисони соҳаи педиатрия, неонатология ва ҷарроҳии кӯдаконаи кишвар дар Федератсияи Россия сатҳи дониш ва малакаи касбии худро баланд бардоштанд.

Дар идома як қатор мутахассисони варзидаи соҳа вобаста ба паҳлуҳои гуногуни мавзӯи анҷуман баромад намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 636
  • 1,242
  • 949,656