Анҷумани кардиологҳо ва терапевтони кишварҳои Осиё ва ИДМ ба анҷом расид (АКС)

Анҷумани кардиологҳо ва терапевтони кишварҳои Осиё ва ИДМ ба анҷом расид  (АКС)
Апрел 27
16:46 2019

 Рӯзи дуюми анҷуман дар толорҳои алоҳидаи Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипозиумҳо перомуни масъалаҳои ташхису табобати бемориҳои дилу рагҳо, табобати бемориҳои даруна, узвҳои ҳозима, масъалаҳои актуалии эндокринология, аз ҷумла бемории қанд ва фарбеҳӣ, технологияи ҷарроҳии рагҳо, неврология, нефрология, гастроэнтрология,онкология ва масъалаҳои тибби оилавӣ баргузор карда шуданд, ки дар он мутахассисони хориҷиву табибони кишвар маърӯза намуданд.

Дар доираи анҷумани мазкур таҳти назорати вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” амалиёти стентгузории шараёнҳои қалб аз тарафи мутахассисони варзидаи Россия, Ҳиндустон ва табибони тоҷик гузаронида шуд, ки ҷараёни он тариқи онлайн дар толори китобхона намоиш дода шуд. Зимни тамошои амалиёти мазкур кардиологҳо ба ҳамкасбони худ, ки амалиёт мегузарониданд, маслиҳатҳо дода, ба саволҳои пешниҳод намудаашон посух гирифтанд.

Лозим ба қайд аст, ки амалиёти стентгузории шараёнҳои қалбро дар 5 беморхонаи вилоятии клиникии дили шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар, Хоруғ ва “Маҷмааи тандурустии Истиқлол”-и  шаҳри Душанбе низ табибон мустақиман тамошо карданд.

Дар охир иштирокчиёни анҷуман бо сертификат, диплом ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Вобаста ба баргузории ин чорабинии сатҳи баланд фикру мулоҳизаҳои чанде аз иштирокчиёни онро пурсон шудем.

Алиҷон ҒоибзодаПрезиденти академияи илмҳои тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– Дар таърихи Тоҷикистони азизамон ин аввалин анҷумани сатҳи байналмилалӣ мебошад, ки дилшиносон ва терапевтони баландихтисосро аз гӯшаву канори дунё ҷамъ овард. Анҷумани мазкур барои табибони мо ҳам аҳамияти  илмӣ ва ҳам аҳамияти амалӣ дорад, чунки дар он  оид ба ташхис ва табобатҳое сухан меравад, ки солҳои охир хеле паҳн шудаанд ва онҳо  асосан бо технологияи  навтарини соҳаи тиб гузаронида мешаванд. Бинобар ин, анҷуман барои баланд бардоштани дониши табибоне, ки аз шаҳру навоҳии кишвар омадаанд, такони ҷиддие хоҳад бахшид. Дар навбати худ мо низ ҳаракат мекунем, ки аз баромади ҳамтоёни хеш барои худ чизе бигирем  ва аз таҷрибаи онҳо дар илми тибби Тоҷикистон истифода намоем.

Банда яке аз бахшҳои ин анҷуманро раисӣ кардам, ки он бахши бемориҳои дил ва рагҳои хунгард мебошад. Дар ин бахш 14 баромад,  аз ҷумла баромади мутахассисони хориҷӣ шунида шуд, ки ҳамаи онҳо ба бемории дилу рагҳо равона шудаанд. Табибони хориҷӣ якҷо бо табибони тоҷик дар Маркази ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард амалиёти стентгузаронии шараёни дилро бе амалиёти ҷарроҳӣ гузарониданд. Яъне, ба воситаи сӯрох кардани раги хунгарди даст, тавассути рагҳои хунгард ба рагҳои дили бемор даромада, ҷойҳое, ки танг шудаанд, аввал онро ташхис намуда, сипас стентгузорӣ намуданд. Амалиёти ҷарроҳии анҷомдодашуда тавассути пахши онлайн ба иштирокчиёни анҷуман намоиш дода шуд.

Қобили зикр аст, ки яке аз самтҳои асосии ин анҷуман истифодаи технологияи навтарин дар ташхис ва табобати бемориҳои дил ва рагҳои хунгард мебошад. Маҳз бо мақсади аз пеш шинос намудани иштирокчиён бо технологияи  нав пахши мустақими амалиётро муҳайё намудем.

Меҳмононе, ки аз хориҷи дуру наздик барои иштирок дар ин конгресс ба Тоҷикистон омаданд, тӯли ду рӯз рӯҳияи хеле хуб доштанд. Онҳо бо як самимияти хос аз зебогии шаҳри Душанбе сухан мегуфтанд.

Олимони хориҷӣ чунин фикр доранд, ки Тоҷикистони ҷавон имрӯз нисбат ба баъзе давлатҳо дар ворид намудани технологияи инноватсионӣ, хусусан барои табобати бемориҳои дил ва рагҳои хунгард хеле пеш рафтааст. Имрӯз дар Тоҷикистон қариб ҳама намуд ҷарроҳӣ гузаронида мешавад. Маҳз ворид намудани технологияи нав буд, ки миқдори шаҳрвандони кишвар, ки барои табобат ба мамлакатҳои хориҷӣ мерафтанд, солҳои охир хеле коҳиш ёфтааст.

Меҳмон Махмедов, ноиби Президенти Фонди ҳамкорӣ оид ба рушди кардиологӣКардиопрогресс, Федератсияи Россия:

Анҷумани байналмилалии кардиологҳо ва терапевтони кишварҳои  Осиё ва ИДМ як сол қабл тарҳрезӣ шуда буд. Мо бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муштаракан дар бораи баргузории ин чорабинӣ дар шаҳри Душанбе ба созиш расида будем.

Қарор додем, ки ин чорабиниро дар шаҳри Душанбе баргузор намоем, чунки ин ҷо сатҳи гирифторӣ ба бемориҳои дилу рагҳо нисбатан бештар буда, чунин конгрессҳо бо фарогирии доираи зиёди мутахассисон камтар доир мешаванд. Аз ин лиҳоз, қарор додем, ки таваҷҷӯҳи ҷомеа, махсусан мутахассисони тибро ба бемориҳои дилу рагҳо ва дигар маризиҳо ҷалб кунем ва бо ин мақсад Кумитаи тадорукот таъсис додем.

Омодагии ҷиддӣ дидем. Кумитаи ташкилӣ аз ду қисм иборат буд: минтақавӣ, ки дар Тоҷикистон фаъол буд ва байналмилалӣ, ки дар ташкили ин лоиҳа кӯмак намуд. Дар ин замина мо дар давоми сол корҳои зиёдеро ба сомон расонидем ва натиҷаи хуб ҳам ба даст омад.   Натиҷа ин шуд, ки тақрибан 50 дарсади маърӯзачиён аз ҳисоби мутахассисони муассисаҳои таълимии тиббии на танҳо шаҳри Душанбе, балки аз шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлоб бо пешниҳоди дастовардҳои кории хеш баромад намуданд.

Алекперов Элман, табибкардиолог аз Озарбойҷон:

– Ин аввалин сафари ман ба Тоҷикистон мебошад. Ростӣ, аз истиқбол ва таваҷҷӯҳи тоҷикон на танҳо нисбати ман, балки нисбати тамоми иштирокчиёни чорабинӣ, ки хеле самимиву махсус буд, бениҳоят хушҳолам. Ин форум барои тамоми кишварҳои ИДМ ва Осиё аҳамияти бузург дорад. Ҳарчанд ин анҷуман бори аввал доир мешавад ва таҷрибаи нахустин аст, вале дар сатҳи хеле баланд доир гардид. Шахсан бисёр мехостам, ки чунин чорабиниҳо оянда ҳам баргузор карда шаванд.

Роман Барак,  кардиолог аз Исроил:

– Ман дар ин ҷо имрӯз Маркази кардиологии Исроилро намояндагӣ мекунам. Бо хушнудӣ ва камоли мамнуният дар ин ҳамоиш иштирок намудам. Дар ин ҳамоиш коршиносони соҳа ва табибони соҳавӣ иштирок доранд. Баромадкунадагон бо маърӯзаҳои пурмӯҳтаво ва мавзӯъҳои муҳим кӯшиш намуданд, ки дар ҳифзи солимии аҳолии курраи замин таъсири мусбии худро гузоранд.

Бемориҳои кардиологӣ имрӯзҳо яке аз муаммои аслии фавт дар курраи замин гардидааст. Аз ин рӯ, ташкил намудани чунин анҷуманҳо ҳамарӯза ва дар ҳама кишварҳои рӯи олам бояд сурат гирад. Тоҷикистон бори дигар нишон дод, ки бо тасмимҳои бузург ва инсондӯстонааш дар солимии ҷомеа бетараф нест.

Бегинч Аннаев, кардиолог аз Туркманистон:

– Ман, ки иштирокчии анҷумани мазкур будам, аз сатҳи баргузорӣ ва фарогирии мавзӯъҳои он таассуроти зиёде бардоштам. Махсусан масъалаҳое, ки ба бемории дилу рагҳо ва қанд бахшида шуда буд, маълумоти омӯзанда доштанд.

Ба ман, махсусан шаҳри Душанбе бисёр писанд омад. Шаҳри зебову тоза ва мардумаш хело самимиянд. Ташаккур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузор намудани чунин чорабинӣ.

Аверин Е.Е., табиб аз Фдератсияи Россия:

– Ман бисёр хурсандам, ки иштирокчии чунин анҷумани вижа гардидам. Ин конфронс мутахассисони кишварҳои зиёдеро ба ҳам пайваст ва бо туфайли он мо имкон пайдо намудем, ки аз дастовардҳои тиббии ҷаҳон огоҳ шавем, дар навбати худ мавзӯъҳои заруриро ба муҳокимаи ҳамкасбонамон гузорем. Барои ман махсусан усулҳои табобати бемории дилу рагҳо дар Исроил, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон писанд омад.

Баргузории чунин анҷуманҳо аз нигоҳи амалӣ хеле муҳим аст. Умед мебандем, ки чунин чорабиниҳо бисёр баргузор мешаванд, махсусан дар Тоҷикистон, ки бисёр иқлими зебо дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 642
  • 1,242
  • 949,662