Феврал 27
12:37
2020
Мақомоти Арабистони Саудӣ ба кишвар муваққатан боздоштани вуруди зоиронеро, ки барои анҷом додани ҳаҷи умра ба Макка ва зиёрати масҷиди Пайғамбар ба Мадина мераванд, эълон намуданд.
Тибқи изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ, ҳамчунин вуруд бо раводиди сайёҳӣ барои шаҳрвандони он кишварҳое, ки ҳоло дар онҳо коронавирус паҳн гардидааст, боздошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар бораи маҳдуд гардидани ҳаракат дар дохили Эрон бинобар хуруҷи коронавирус иттилоъ расида буд.
АКС: © Тасвири АИ «Росбалт»