13-уми сентябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷиҳати натиҷагирӣ аз рафти татбиқи “Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025” ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он роҳбарияти вазорату идора, кумита, лоиҳаҳои соҳавии тандурустӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии як қатор шаҳру ноҳияҳо ва дигар масъулини иҷрои барномаи мазкур иштирок намуданд.
Доир ба рафти иҷрои барномаи мазкур муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода баромад кард.
Қайд карда шуд, ки барномаи мазкур бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар кишвар таҳия гардида, дар доираи он аллакай як қатор корҳои муҳиму назаррас дар самти бунёд ва бо таҷҳизоту лавозимоти муосири тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ корҳои назаррасе ба анҷом расонида шудаанд.
Дар охир аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта, иҷрои саривақтӣ ва босифати бандҳои барномаи мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.