Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд

Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд
Июл 16
16:54 2020

 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғдро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Бинои нави табобатӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шуда, мувофиқи лоиҳа аз таҳхона ва чор ошёна иборат аст. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят буда, корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ «Евростройсервис» ба анҷом расонида истодаанд.

Дар бинои нав барои табобати 100 нафар шароити замонавӣ фароҳам​ оварда шуда, дар таҳхонаи он дармонгоҳи маслиҳатӣ ва ҳуҷраҳои рентгенӣ ҷойгир карда мешавад.

Раиси вилоят аснои шиносоӣ барои ташкили ҳуҷраҳои махсуси корӣ барои табибон, ки дар вақти зарурӣ тавонанд ба ҳамкасбони хориҷии худ дар тамос бошанд, супоришҳо дода, ба ободонӣ фаро гирифтани саҳни беморхонаро низ зарур шуморид. ​

Сипас, Раиси вилоят бо вазъи мавзеъҳои истироҳатии соҳили дарёи Сир ​ ошно шуда, аз ҳолати шиногоҳҳои ду тарафи дарё изҳори нигаронӣ намуд. Ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини ниҳодҳои марбута ҷиҳати беҳтар намудани шароити шиногоҳҳо ва тибқи талаботи санитариву беҳдоштӣ ба роҳ мондани фаъолият дастуру супоришҳо дода шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 18
  • 800
  • 1,242
  • 949,820