Аввалин хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон соҳиби шаҳодатномаи табиби соҳибмаълумот гаштанд

Аввалин хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон соҳиби шаҳодатномаи табиби соҳибмаълумот гаштанд
Июн 03
15:05 2022

Боиси сарфарозист, ки имсол нахустин маротиба 336 нафар ҷавонони саодатманди  кишвар баъди хатми бомуваффақияти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  соҳиби шаҳодатномаи табиби соҳибмаълумот гашта, ба хизмати халқу Ватан сафарбар мешаванд.

Имрӯз, 3 июни соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба рӯзи хатми аввалин донишҷӯёни ин даргоҳи таълимӣ ҳамоиши идона баргузор гашт, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода, муовини Раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, Раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, ректорони як қатор муассисаҳои олии таълимии мамлакат ва устодону донишҷӯёни ин даргоҳ иштирок намуданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон ҳамоишро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ин даргоҳи таълимӣ хайрамақдам гуфт.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат зимни суханронии хеш иброз дошт, ки бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббии мамлакат имрӯз яке аз масъалаҳои муҳиме мебошад, ки  Ҳукумати мамлакат барои ҳалли мусбии он пайваста чораҳои таъсирбахшро амалӣ месозад.

Лозим ба ёдоварист, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 оид ба масъалаи норасоии мутахассисони тиббӣ ишора карда, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои марбутаро вазифадор намуданд, ки камбудии мавҷударо доир ба норасоии кадрҳо дар ду сол бартараф намоянд.

Дар ин росто, хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон тибқи роҳхат ба ҷои кори таъиншуда ҳозир гардида, дар ҳалли мушкилоти мавҷудбуда саҳми босазои хешро мегузоранд.

-Дар ҳақиқат имрӯз барои тамоми ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни ин муассисаи навтаъсиси таҳсилоти олии тиббӣ ҳамчун рӯзи фаромӯшнашаванда ва хотирмон боқӣ хоҳад монд. Зеро онҳо баъди 6 соли талошу кӯшишҳои пурсамар, имрӯз нахустин дастпарварони хешро дилпурона ба амалия мефиристанд.  Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки аҳли донишгоҳ дар роҳи амалӣ сохтани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати барҳам додани норасогии кадрҳои баландихтисоси тиб дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ боз як қадами устувору ҷиддӣ мегузоранд,-иброз дошт Ҷамолиддин Абдуллозода.

Гуфта шуд, ки тайёр намудан ва ба муассисаҳои тиббиву профилактикӣ фиристодани мутахассисони ҷавону соҳибмаълумоти соҳаи  тиб яке аз вазифаҳои муҳиме мебошад, ки дар баробари дигар макотибҳои олии тиббӣ дар назди устодон ва кормандони ДДТХ  низ меистад. Бо қаноатмандӣ бояд қайд кард, ки солҳои охир тавассути болоравии ҳаҷми маблағгузории давлатӣ заминаи моддиву техникии ин таълимгоҳи олии тиббии кишвар ба куллӣ дигаргун гашта, барои омода намудани  кадрҳои сифатан беҳтари соҳаи тиб имкониятҳои воқеӣ пайдо гаштаанд.

Бояд, қайд кард, ки дар давоми панҷ сол вазъияти таълиму тарбия дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон тадриҷан хеле беҳтар гашта,  кушодашавии кафедраҳои нав ва бо таҷҳизотҳои навтарин муҷаҳҳаз гардонидани онҳо ба беҳтар гаштани сатҳу сифати таълим ва дараҷаи  касбомӯзии мутахассисони ҷавон  мусоидат намуд.

Дар ҳамоиш ҳамзамон муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода, муовини Раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, Раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода ва ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Алиҷон Ғоибов низ суханронӣ намуда, аҳли роҳбарияти донишгоҳ ва донишҷӯёнро бахшида ба рӯзи хатми нахустини таъдимгирандагони ин даргоҳи таълимӣ табрику шодбош намуда, дар идомаи фаъолияти меҳнатӣ ба онҳо барору муваффақият орзу намуданд.

Баъдан, аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон дар вазъияти тантанавӣ ба  хатмкунандагони ин даргоҳ шаҳодатномаи табиби соҳибмаълумот супорида шуд.

Дар навбати худ аввалин хатмкунандагони донишгоҳи мазкур ваъда доданд, ки ҷавобан ба таваҷҷуҳ ва дастгириҳои хосаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ тамоми кӯшиш ва талоши хешро баҳри таъмини солимии аҳолӣ равона хоҳанд кард.

Дар фарҷоми ҳамоиш ҳунармандони шинохтаи кишвар Давлатманд Холов ва Нигина Амонқулова бо суруду таронаҳои дилангези худ табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 742
  • 1,242
  • 949,762