Аввалин Шӯрои олимони Донишгоҳи тиббӣ баргузор гардид

Аввалин Шӯрои олимони Донишгоҳи тиббӣ баргузор гардид
Август 28
08:38 2020

Дар толори Синои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аввалин ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳи мазкур  дар соли таҳсили 2020-2021 баргузор шуд.

Тавре сомонаи донишгоҳи мазкур иттилоъ медиҳад, қабл аз оғози ҷаласа филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” намоиш дода шуд, ки аз ҷониби иштирокчиён бо ҷиддияти том пазируфта шуд.

Сипас, ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ректори донишгоҳ профессор Маҳмадшоҳ Гулзода оғоз намуда, оғози соли нави таҳсилро ба ҳамаи иштирочиён табрик гуфт.

Дар ҷаласа 9 масъалаи асосӣ ва масъалаҳои гуногун баррасӣ шуд. Пешниҳоди комиссияи тахассусии донишгоҳ барои додани унвони илмии дотсент ба Носирова М.П.,дотсенти кафедраи тибби оилавии №2 ахбори Маркази омодагии қаблӣ дар соли таҳсили 2019-2020, ҳисоботи шуъбаи муҳосибот, ахбори муовини ректор оид ба таълим профессор Ибодзода С.Т. дар мавриди омодагии шуъбаи таълим, деканатҳо ва кафедраҳо ба соли нави таҳсили 2020-2021 ва ғайраҳо шунида шуд. Тасдиқ намудани аъзои Шӯрои илмӣ-методии муовинати таълим, аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии муовинати муолиҷавӣ ва аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии муовинати тарбиявӣ, ҳайат ва нақшаи кории Шӯрои олимони факултетҳо, Шӯрои илмӣ-методии факултетҳо ва Шӯрои илмӣ-методии тахассусии муовинати таълими донишгоҳ аз масъалаҳои дигари ҷаласа ба шумор мерафтанд.

Дар баррасии масъалаҳои гуногун муҳимтарин масоили илмӣ, тарбиявӣ ва тахассусии донишгоҳ матраҳ гардид.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 717
  • 1,242
  • 949,737