Аз 10 то 12 ноябр дар Тоҷикистон баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст

Аз 10 то 12 ноябр дар Тоҷикистон баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Ноябр 10
11:40 2020

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 10 то  нимаи 12 ноябр дар ҷумҳурӣ  баланд шудани  ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), Рм-10 (заррачаҳои андозаашон 10мкр) ва Рм-2,5 (заррачаҳои андозаашон 2,5 мкр) боқӣ мемонад. Дар ин рӯзҳо боришҳои шадид дар водиҳо дар назар буда, дар  баландкӯҳҳо борон ба барфи тар табдил меёбад.

Аз ин рӯ ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кўчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, ки ба саломатиашон хатарнок аст, худдорӣ намоянд.  Зеро ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба кўдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсоне, ки  бемориҳои диққи нафас ва қалб доранд, таъсири манфӣ мерасонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ин  рӯзҳо дар роҳҳои Душанбе — Айнӣ, Душанбе — Сангвор, Ваҳдат — Рашт — Лахш — Карамиқ, Ш. Шоҳин — Дарвоз, Ванҷ — Хоруғ — Ишкошим эҳтимоли яхбандӣ вуҷуд дорад. Бо мақсади пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ронандагон тавсия медиҳад, ки пеш аз сафар мошинҳои худро омода созанд,  чархҳои тобистонаро ба  зимистона иваз кунанд. Ба мошинҳои боркаш тавсия дода мешавад, ки  занҷирҳои зидди лағжиш бо худ дошта бошанд ва ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ суръат ва фосилаи муқарраршудаи ҳаракат миёни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сокинони минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳиро огоҳ мекунад, ки  ин сардиҳо метавонанд ба зироати кишоварзӣ таҳдид кунанд. Аз ин рӯ сокинон ҳосили пухтарасидаро сари вақт ҷамъоварӣ намуда, он бахши ҳосилро, ки ҳоло хом буда, бояд муддате дар замин бимонад, бо масолеҳи пластикӣ ё пахол пӯшонанд ва аз сармо ҳифз кунанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 670
  • 1,242
  • 949,690