Аз 18,9 миллион гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон зиёда аз 711 ҳазор нафар вафот кардаанд

Аз 18,9 миллион гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон зиёда аз 711 ҳазор нафар вафот кардаанд
Август 06
14:13 2020

Шурӯъ аз оғози пандемияи коронавирус шумораи гирифторони COVID-19 бо ошкор гардидани 271 406 ҳолати нав давоми шабонарӯзи охир дар ҷаҳон ба 18 983 280 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба ҳолати соати 12:00 ба вақти Душанбе 711 313 нафар аз бемориҳои бо вирус алоқаманд дар ҷаҳон вафот кардаанд.

Бино ба маълумоти СУТ, дар Иёлоти Муттаҳида, Бразилия ва Ҳиндустон беш аз 1,9 миллион нафарӣ аз оғози пандемия сироят ёфтаанд.

Дар Иёлоти Муттаҳида 4 973 741 ҳолат (55 148 давоми шабонарӯзи охир) ошкор шуда, 161 607 нафар (1311 кас давоми шабонарӯзи охир) вафот кардаанд ва зиёда аз 2,5 миллион нафар шифо ёфтаанд.

Дар Бразилия шумораи гирифторон ба 2 862 761 нафар (54 685 дар як шабонарӯзи охир) расида, 97 418 кас (1 322 дар як шабонарӯзи охир) вафот кардаанд ва беш аз 2 миллион нафар табобат шудаанд.

Ҳиндустон аз рӯи шумораи беморон дар ҷойи сеюм қарор дорад. Давоми шабонарӯзи охир, тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ин кишвар, шумораи гирифторон 56 626 нафар зиёд шуда, ба 1 967 700 расид. Шумораи фавтҳо дар як шабонарӯзи охир 919 ҳолат афзуда, 40 772 касро ташкил дод. Ҳамчунин дар он  беш аз 1,3 миллион нафар сиҳат гардидаанд.

Аз рӯи шумораи ҳолатҳои фавт Мексика дар ҷойи сеюм буда, дар он ҷо 49 698 нафар аз оғози пандемия қурбонии коронавирус шудаанд. Афзоиши ҳаррӯзаи қурбониён дар он 857 нафарро ташкил дода, 456 100 нафар сироят ёфтаанд ва беш аз 304 ҳазор нафар табобат шудаанд.

Тибқи маълумоти «Worldometer», нишондоди фавт ба як миллион сокинони сайёра 91,2 нафар аст. Дар Иёлоти Муттаҳида аз 1 миллион аҳолӣ 488 нафар, дар Бразилия — 458, дар Ҳиндустон – 29 ва Мексика — 385 нафар вафот кардаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 683
  • 1,242
  • 949,703