Аз 23 то 29 апрел «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия» баргузор мегардад

Аз 23 то 29 апрел «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия» баргузор мегардад
Апрел 23
13:47 2018

Санаи 23 апрел дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар оид ба «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.

Дар кори чорабинӣ Саида Умарзода муовини якуми вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирмаҳмуддин Камолзода муовини вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лучиано Калестини   Сардори Намояндагии Хазинаи Кудакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Игорь Поканевич Сардори Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони   як қатор идораҳои дахлдор ба соҳа,   кормандони соҳаи тиб ва намояндагони воситаҳои ахбори омма  иштирок намуданд. Маврид ба таъкид аст, ки чорабинии мазкур дар доираи оғоз гардидани “Ҳафтаи аврупоии имунизатсия”дар кишвар, ки таи рӯзҳои 23-29 апрел дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, сурат гирифт.

Саида Умарзода муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади хеш таъкид намуд, ки; «Ҳамасола   бо ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва бо иқдоми бевоситаи Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия гузаронида мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси БМТ ТУТ-ро дастгири намуда аз 23 то 29  апрели соли 2018  Ҳафтаи аврупоии иммунизатсияро мегузаронад, ки чорабиниҳои он баҳри тарғибу ташвиқи иммунопрофилактика, ҳамчун усулҳои самарабахши пешгирии бемориҳои сироятӣ равона карда шудааст».

«Иммунизатсия яке аз 10 дастоварди беназири соҳаи тандурустӣ мебошад, ки инсонро аз гирифторшавӣ ба маризиҳои сироятӣ эмин нигоҳ медорад. Ҳамасола иммунизатсия миллионҳо нафарро аз марг наҷот медиҳад, вале имрузҳо миёни ҷомеа гуруҳҳои ҳастанд, ки аз иммунизатсиякунонии кудакони худ ва наздикони онҳо худдорӣ менамоянд. Ба ақидаи онҳо гуё ин иқдом нодуруст бошад, аммо чунин афрод худ намедонанд, ки дидаву дониста иштибоҳи нобахшиданиеро содир менаомянд. Дар ҳар сурат ҳаряки моро месазад, ки дар сатҳи баланд гузаронидани ин маъракаи муҳим ҳарчи бештар талош намуда, нагузорем, ки ҳеҷ кудак аз    «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия» дар канор бимонад»- илова намуд Саида Умарзода.

Хотиррасон менамоем, ки  соли ҷорӣ Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия    ба мавзӯи  «Ваксинаҳо амал мекунанд» баргузор мешавад. Иммунизатсия ҷиҳати пешгирии маризиҳои фалаҷ ва гепатети В, бемории сил, гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз,гемофилии типи b,гепотити В, фалаҷ ва сирояти ротавирусӣ, сурхча, гулафшон, ва дигар демориҳои сироятӣ барои кӯдакону нафрасони навзод то ба 6 сола пешбини шудааст.

Игорь Поканевич Сардори Намояндагии ТУТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ зикр намуд, ки; «гузаронидани Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия барои ҷалб намудани тиққати аҳолӣ ба иммунизатсия ҳамчун яке аз усулҳои асосии пешгирикунандае, ки инсонро аз бемориҳои сирояти эмин нигоҳ медорад, маънидод мегардад. Яъне  мақсади  Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия, ин пешгири намудан, муҳофизат кардани  кӯдакон аз сироятёбӣ ба маризиҳо мебошад».

       Месазад қайд намуд, ки мақсади аслии  баргузор намудани «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия» зарурият ва ҳуқуқи ҳар як кӯдак  барои муҳофизат аз бемориҳои   сироятӣ бо додани таваҷуҳи махсус   ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ мебошад.

Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия ва зарурати гузаронидани он:

Пешравии  бомуваффақият дар гузаронидани чорабиниҳо  оид ба  мубориза бар зидди бемориҳои сироятии бо воситаи иммунизатсия идорашаванда

Маълумотҳои ба даст омада нишон медиҳанд, ки устувор намудани системаи иммунизатсия ҳоло ҳам масъалаи ҳаётан муҳим ба ҳисоб меравад

Баланд бардоштани сатҳи дониши  аҳолӣ оид ба бемориҳои сироятии бо воситаи иммунизатсия идорашаванда;

Баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба фоидабахшии иммунизатсия;

Талаботи  лозимии  муҳофизат  бояд  95% бошад;

Ҳар сол тахминан 600 000 тифлон дар минтақаи аврупоии ТУТ иммунизатсияи давриро намегиранд;

То ҳол кўдакон аз бемориҳое мефавтанд, ки онҳоро бо воситаи иммунизатсия пешгирӣ кардан мумкин аст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 640
  • 1,242
  • 949,660