Аз Чин ба Тоҷикистон 150 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac» ворид карда мешавад

Аз Чин ба Тоҷикистон 150 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac» ворид карда мешавад
Апрел 20
14:56 2021

Дар доираи ҳамкории дуҷонибаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар назар аст, ки  150 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac»-и Чин ба ҷумҳурӣ ворид карда шавад. Дар ин бора  сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ба зикри мавсуф, иқдоми мазкур аз ҷониби роҳбарияти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шуда,  пас аз омода шудани ваксинаҳо  он ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.

Бояд гуфт, ки 8 марти соли 2021 дар чаҳорчӯби механизми Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (COVAX) қисми якуми ваксинаи «AstraZeneca» (Бритонияи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳиндустон) дар ҳаҷми 192  ҳазор воя тавассути парвози махсуси Сомон-Эйр аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд. Бо мақсади таъмин намудани амнияти санитариву эпидемиологии аҳолии мамлакат, пешгирии паҳншавии сирояти нави коронавирус дар саросари ҷумҳурӣ 22 марти соли 2021 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид ва  шурӯъ аз 23 марти соли равон иммунизатсия зидди сирояти бемории коронавирус байни кормандони тиббии шаҳри Душанбе оғоз шуд.

-То имрӯз 36 ҳазору 190 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ, кормандони Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорон ва донишҷӯён  ба иммунизатсия фаро гирифта шуданд,- гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.

Ба гуфтаи мавсуф, инчунин  дар назар аст, ки ваксинаи «Спутник V» – и Россия ба Тоҷикистон  ворид карда шавад. Тибқи нақша, 6 миллиону 714 ҳазор нафар аҳолии мамлакат бояд бо ваксина фаро гирифта шаванд.

АКС: br.vida-estilo.yahoo.com

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 958
  • 1,242
  • 949,978