Имрӯз, 12 январи соли равон дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар соли 2020 ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар кори он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони беморхонаҳо, муассисаҳои КАТС ва сардорони хадамотҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки соли ҷорӣ новобаста аз мушкилоти ба вуҷуд омада, яъне паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 дар фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ навгониҳои соҳавӣ ба вуҷуд омаданд. Махсусан, дар ин давра як қатор муассисаҳои хуштарҳу замонавӣ бунёд ва бо таҷҳизоти навтарин ҷиҳозонида шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ҳамин тавр, дар ҷаласа фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар соли 2020 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Махсусан, таваҷҷуҳи хоса ба таъмин намудани беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо табибони баландихтисос зоҳир гардид.
Дар анҷоми ҷаласа ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.