12 январи соли равон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва зерсохторҳои он дар соли 2020 ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода, роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода оид ба фаъолияти раёсат ва зерсохторҳои он дар соли 2020 маърӯза намуд.
Тавре зикр гардид, дар соҳаи тандурустии вилоят тибқи нақшаи тасдиқнамуда ба муносибати сазовор ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, таъмир ва азнавсозии 459 иншоотҳои соҳа ба нақша гирифта шудааст.
Дар соли 2020 дар миқёси вилоят бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими 17 беморхонаҳо, 30 бунгоҳҳои саломатӣ, 27 марказҳои саломатӣ, 4 таваллудхона, 10 нуқтаҳои хатнаи кўдакон ва 28 дорухонаҳо ба итмом расонида шуд.
Инчунин, дар ин давра бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмони 2 марказҳои саломатии деҳот ва 13 бунгоҳҳои саломатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Б.Ғафуров, Истаравшан, Исфара, Куҳистони Масчоҳ, Панҷакент, Шаҳристон ва Ҷ.Расулов ба итмом расида, таъмири 8 марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо, 23 марказҳои саломатии деҳот ва 8 бунгоҳхои саломатӣ низ ба анҷом расонида шуданд.
Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои сохтмонӣ, азнавсозӣ ва таъмиру тармими иншоотҳои соҳаи тандурустӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давом дорад.
Ҳамзамон, дар ин давра ҳамаи сарчашмаҳо 981 адад таҷҳизот ва лавозимотҳои тиббӣ ба маблағи 26,8 млн. сомонӣ харидорӣ ва ба муассисаҳои тандурустии вилоят дастрас карда шудааст.
Дар идомаи ҷаласаи ҷамъбастӣ доир ба самтҳои гуногуни фаъолияти Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва зерсохторҳои он маълумот дода шуд.
Ҷиҳати бартараф намудани камбудӣ ва мушкилоти ҷойдошта аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.