Аз фаъолияти Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар шаш моҳи соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар шаш моҳи соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд
Июл 10
17:54 2024

Бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар шаш моҳи соли 2024 ва нақшаҳо барои то охири соли ҷорӣ бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, роҳбарият ва кормандони Раёсати тандурустии вилоят, сардорони муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии вилоят ҷаласаи корӣ доир гардид.

Тавре гуфта шуд, ҷомеаи меҳнатии муассисаҳои ҳифзи сиҳатии оммаи вилоят дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешбурди соҳа, беҳдошти хизмати тиббӣ, баланд бародоштани сатҳу сифати муолиҷа, ба амал татбиқ намудани усулҳои наву муосири муоина, ташхис ва табобати беморон, пешгирии касалиҳои мухталиф тадбирҳои муайянро амалӣ намуда, баҳри таъмини иҷрои супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят корҳои мушаххасро ба иҷро расониданд.

Зикр карда шуд, ки дар ин давра ҳамаи арзҳои шаҳрвандон дар муҳлатҳои муайяншуда баррасӣ гардида, ба шахсони муҳтоҷ муолиҷаи ройгон дар муассисаҳои тиббӣ, таъмин бо доруворӣ, гузаронидани ташхисҳои мураккаб ташкил карда шуд. Ба мақомотҳои дахлдор ва ба муроҷиаткунандагон аз натиҷаи баррасии муроҷиат ҷавобӣ хаттӣ ирсол карда шуд.

Дар шаш моҳи соли 2024 аз ҳамаи сарчашмаҳо 1845 адад таҷҳизот ва лавозимотҳои тиббӣ ба маблағи 22,9 млн. сомонӣ, аз ҷумла аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5,9 млн. сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои МИҲД ба маблағи 1,3 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 4,2 млн. сомонӣ, аз кӯмакҳои башардӯстона ба маблағи 10,5 млн сомонӣ, аз ҳисоби суратҳисоби махсус 880,6 ҳазор сомонӣ харидорӣ ва дастрас гардидааст.

Дар ин давра ҳамчунин аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 11 млн сомони таҷҳизот, асбобҳои тиббӣ, мебел ва доруворӣ дастрас гардид.

Дар охир таъкид гардид, ки Раёсати тандурустии вилоят ва ташкилоту муассисаҳои соҳа бо дастгирии ҳамаҷонибаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳа пайваста тадбирҳои мушахас андешида, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳамарӯза сокинони вилоятро бо хизматрасонии босифат ва муосири тиббӣ фаро гирифта бошанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 215
  • 1,242
  • 949,235