АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ ВА ЗЕРСОХТОРҲОИ ОН ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2023 НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ ВА ЗЕРСОХТОРҲОИ ОН ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2023 НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД
Октябр 19
16:08 2023

18 октябри соли 2023 дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсозхторҳои он дар дар нуҳ моҳи соли 2023 баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.
Доир ба фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар нуҳ моҳи соли 2023 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода баромад намуд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки давоми нуҳ моҳи соли 2023 аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳтар намудани нишондиҳандаҳои солимии аҳолӣ ва хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд.
Гуфта шуд, ки дар рўзҳои 4-6 октябр аввалин маротиба 30-юмин конгресси ҷарроҳони гепатобилиарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мавзўи масъалаҳои мубрами ҷарроҳии гепатобилиарӣ гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 500 нафар мутахассисони варзида, аз ҷумла 200 нафар мутахассисони хориљӣ иштирок намуда, дар натиҷа оид ба дурнамои рушди ҷарроҳии гепатобилиарӣ резолютсия қабул гардид.
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” дар муассисаҳои тандурустии соҳа, дар давраи ҳисоботӣ 956 адад воситаҳои пардохтҳои электронӣ аз ҷумла 597 адад постерминалҳо ва 359 адад QR-рамзҳо дар 419 муассисаҳо насб гардида, хизматрасониҳо дар ин самт давра ба давра муътадил гардида истодааст.
Бо мақсади беҳтарсозии ҳолати инфрасохтори муассисаҳои соҳа дар 9 моҳи соли 2023 аз тамоми сарчашмаҳо 70 муассиса сохта ба истифода дода шуда, сохтмони 108 иншооти дигар идома дорад. Инчунин, 208 муассиса аз таъмир бароварда шуда, таъмири 145 муассисаи дигар идома дорад.


Баҳри гузаронидани рўзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар байни кўдакони аз 6 моҳа то 15 сола дар 59 шаҳру ноҳияҳо ба ҷумҳурӣ 2,5 млн воя ваксина ворид карда шуда, фарогирии умумии кўдакон ҳангоми баргузории маърака 98,3%-ро ташкил намуд. Бо мақсади таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо ваксинаҳои сифатнок, дар ин давра барои иммунизатсияи кўдакон ба ҷумҳурӣ 7,2 миллион воя ваксинаҳои дахлдор ва маводи иммунизатсионӣ ба мисоли сузандоруҳои қутрашон гуногун 7,8 млн дона, инчунин 144450 дона қуттиҳои маҳви бехатар ворид шудаанд.
Дар 9 моҳи соли 2023 дар муассисаҳои илмию таълимии вазорат дар маҷмўъ 9894 нафар кормандони соҳаи тандурустии ҷумњурӣ ба таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 1101 нафар зиёд мебошад.
Дар хориҷи кишвар бошад 218 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ ба таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39 нафар зиёд мебошад.
Дар ин муддат 62 рисолаи номзадӣ ва 5 рисолаи докторӣ ҳимоя карда шуд, ки нисбат ба 9 моҳи соли гузашта 23 рисолаи номзадӣ зиёд мебошад.
Бо мақсади иҷрои банди 50 – и Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2020, № 427 тасдиқ гардидааст, рўзи 10 майи соли 2023 дар байни донишҷўёни коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ аз руи фанҳои тахассусии тиббӣ гузаронида шуд. Дар Олимпиадаи мазкур донишҷўёни Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи якум, Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат ҷойи дуюм ва Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ҷойи сеюм гардиданд. Инчунин, рӯзҳои 10-12 майи соли ҷорӣ дар Коллеҷи тиббии ғайридавлатии шаҳри Бохтар дар байни 46 коллеҷҳои равияҳои омўзгорӣ, техникӣ, фарҳангӣ ва тиббӣ дошта, Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ аз рӯи фанҳои табиатшиносию риёзӣ гузаронида шуд. Дар Олимпиадаи мазкур донишҷўёни Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи якум, Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент ҷойи дуюм ва Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии ноҳияи Ёвон ҷойи сеюм гардиданд.
Бо мақсади беҳтар намудани заминаи моддию техникии коллеҷҳои тиббӣ тибқи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030 корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла сохтмони бинои дармонгоҳ ва клиникаи назди Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ иборат аз 8 ошёна ва биноҳои таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом идома дошта, то соли таҳсили нави хониш вобаста ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ бинои нави иловагии Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат иборат аз 4 ошёна ба маблағи 11 миллион сомонӣ ба истифода дода мешавад.


Мавриди зикр аст, ки 1-уми апрели соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷандро мавриди истифода қарор дод.
Корҳои сохтмонӣ дар коллеҷи мазкур дар ҳаҷми зиёда аз 21 млн. сомонӣ ба анҷом расонида шуданд.
Дар идомаи суханронии хеш вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои дигари соҳа, муваффақият ва дастдовардҳо, мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта низ баромад намуд.
Баъдан, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон, Суғд, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ вобаста ба фаъолияти хеш маълумот доданд.
Дар фарҷоми ҷаласа Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, таъмиру тармими биноҳо, омодагӣ ба давраи зимистон, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, беҳтар намудани кӯмаки ройгони фаврии тиббӣ ва ғайра ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.
Дар охир қарори ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 710
  • 1,242
  • 949,730