Аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар шашмоҳаи аввали соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

Аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар шашмоҳаи аввали соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд
Июл 12
16:49 2024

Имрӯз, 12 июли соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар шашмоҳаи аввали соли 2024 баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Муҳсинзода Ғафур Муҳсин, Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Дар ҷаласа нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир ба фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар шашмоҳаи аввали соли 2024 баромад намуд.

Қайд карда шуд, ки дар дар нимсолаи аввали соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Маркази саломатии шаҳри Истаравшан, Маркази хусусии урологи-андрологии “Микролаб”ва маркази тиббии “Клиника 1+1” дар шаҳри Хуҷанд, Маркази саломатии бисёрсоҳавии ноҳияи Данғара (дорои 7-ошёна) мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дар 6 моҳи соли 2024 аз тамоми сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ 34 адад муассисаҳои тандурустӣ ба маблағи умумии 44,1 млн. сомонӣ сохта ба истифода дода шуда, 110 адад муассисаҳои тандурустӣ ба маблағи умумии 14,6 млн. сомонӣ таъмир карда шудаанд, ки ҷиҳати дастрасии бештар ба хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби вазорат ба як қатор муассисаҳои соҳа ба маблағи 112,99 миллион сомонӣ молҳои тиббию дору дастрас карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,83 миллион сомони зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки давоми 6 моҳи соли 2024 дар доираи фаъолияти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кор дар самти таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор тақвият бахшида шуда, 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, лоиҳаҳои 1 қонун ва 1 қарори дигар барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд. Инчунин лоиҳаҳои 3 қонун ва 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.

Дар ин давра бо мақсади фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш, фаъолият дар самти мазкур идома ёфта, дар 6 моҳи соли 2024 ба 139 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо, 1009 нафар амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо ва ба 400 нафар амалиётҳои ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ гузаронида шуд.

Дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар муассисаҳои тандурустии кишвар 62 адад навгониҳо аз ҷумла 27 адад дар самти ташхис ва 35 адад дар самти табобат ворид карда шудааст. Навгониҳои дар самти ташхис воридшуда, бемориҳои саратон, меъдаю руда, пайвандсозии узвҳо, бемории дилу рагҳо, бемориҳои пӯст ва дар самти табобат: ҷарроҳиҳои дилу рагҳо, сутунмӯҳра, пайвандсозии узвҳои инсон, бемориҳои меъдаю руда ва саратон, ҷарроҳиҳои қафаси сина, абдоминалӣ, рентгенэндоваскулярӣ ва чашмро дар бар мегирад.

Масъалаи ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар рӯзномаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ доимо мавриди муҳокима қарор дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба модарон ва кӯдакон, пешгирӣ ва коҳиш додани ҳодисаҳои фавт як қатор корҳои назаррас анҷом дода шуд. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ 87 921 нафар занон аз ташхиси фаросавтӣ гузаронида шуда, дар 806 нафари онҳо иллатҳои модарзодӣ муайян шуда, таваллуди 612 нафар кўдакони маъюб пешгирӣ карда шуд. Мавриди зикри хос аст, ки аз шумораи нуқсонҳои дарёфтгардида, 101 ҳодиса вобаста ба никоҳи хешутаборӣ мебошад.

Дар идомаи баромади хеш вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат доир ба фаъолияти дигар бахшҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ маълумот пешниҳод намуд.

Баъдан, сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ доир ба фаъолияти хеш дар шашмоҳаи аввали соли 2024 баромад карданд.

Дар идома вазъи феълии соҳаи тандурустӣ дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, махсусан, одоби муоширати табибон бо беморон, истифодаи дурусти таҷҳизоти муосири тиббие, ки аз ҷониби вазорат ба муассисаҳои соҳавӣ дастрас карда шудаанд, пешгирии бемориҳои сироятӣ, роҳ надодан ба истифодаи доруҳои мӯҳлаташон гузашта, беҳтар намудани сифати хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббӣ, таъмиру тармими биноҳо, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва баҳри бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 213
  • 1,242
  • 949,233