Аз лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” натиҷагирӣ карда шуд

Аз лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” натиҷагирӣ карда шуд
Март 12
12:27 2021

Имрӯз, 12 марти соли 2021 дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе бахшида ба пӯшидашавии лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-марҳилаи баромад” (лоиҳаи Сино) ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Бандаев, менеҷери лоиҳаҳои тандурустии Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонума Муаззама Ҷамолова ва ҳамзамон ба тариқи онлайн хонума Ҳелен Притерх, роҳбари шӯъбаи дастгирии системаи тандурустии Маркази  Швейтсария оид ба тандурустии байналмилалӣ, директори Лоиҳаи Сино иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз дошт, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои охир аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд  ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ як қатор корҳои муҳиму назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Махсусан, зикр гардид, саҳми шарикони рушд дар татбқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 хеле назаррас мебошад.

Гуфта шуд, ки Институти тропикӣ ва тандурустии ҷамъиятии Швейтсария бо дастгирии молиявии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва институтҳои дахлдори он дар системаи тандурустии кишвар аз соли 2003 лоиҳои “Беҳтар намудани хизматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (лоиҳаи Сино)-ро амалӣ намуданд, ки он ба рушди соҳаи тандурустии кишвар саҳми арзанда гузоштааст.

Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-марҳилаи баромад” (лоиҳаи Сино), ки аз моҳи апрели соли 2017 оғоз ёфтааст,  моҳи марти соли 2021 ба анҷом мерасад. Фаъолияти ин лоиҳа дар ин марҳила дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҳамадонӣ, Рӯдакӣ, Файзобод ва шаҳри Конибодом бо муваффақият амалӣ гардидааст.

Таъкид гардид, ки Лоиҳаи мазкур дар ҳамаи марҳилаи анҷомшуда дар ҳамкорӣ бо вазорат ва институтҳои дахлдори он, инчунин, бо иштироки бевоситаи сохторҳои дахлдори ноҳияҳои таҷрибавӣ дар рушди соҳаи афзалиятноки тандурустии кишвар, ки ин хадамоти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ мебошад, саҳми худро гузоштааст.

Масалан, мухтасар пешниҳод  ва ҷорӣ гаштани модели идоракунии шӯъбаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар сатҳи ноҳия, дастгирии ҷорӣ намудани тибби оилавӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ, баланд бардоштани иқтидори идоракунии муассисаҳои КАТС ва беҳтар намудани банақшагирию шаффофияти фаъолияти муассисаҳои КАТС тавассути ҷорӣ намудани бизнеси нақшагирӣ, дастгирии таъсису амалишавии курси таълимии “Идоракунии тандурустии ҷамъиятӣ” ва таҳияву ҷорӣ намудани модели кор дар сатҳи ҷомеа ва масъалаҳои саломатӣ тавассути амалишавии Дастури “шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ”, инчунин, ҳиссагузорӣ дар беҳтар намудани инфрасохтори КАТС-и ноҳияҳои таҷрибавӣ, аз ҷумла дастовардҳои Лоиҳа мебошанд. Ҳамзамон, дар ҷаласа як қатор дастовардҳои дигари Лоиҳа низ зикр карда шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 680
  • 1,242
  • 949,700