Дар рафти як рейди муштараки Сарраёсати назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ва Раёсати вазорати корҳои дохила дар вилояти Хатлон дар бозори муваққатии як рӯзае, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон фаъолият дорад, қонунвайрокуниҳои зиёде ошкор карда шудааст.
Ба иттилои Сарраёсати назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон, тибқи нақшаи кории Сарраёсати номбурда дар доираи супориши Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ва таъмини амнияти санитарию эпидимологӣ як рейди муштарак бо Раёсати Вазорати корҳои дохила дар вилояти Хатлон дар бозори якрузаи ҷамоати деҳоти Уялӣ гузаронида шуд.
Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки қисме аз соҳибкорон дар ҳолати ғайрисанитарӣ ва бо вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидимиологӣ ба фуруши маҳсулоти хурока машғул шудаанд. Мутахассисони Сарраёсат ҳангоми санҷиш 232 кг маҳсулоти гуштӣ ва 90 литр обҳои ташнашикан ва маҳсулоти ширӣ (дуғоб), ба талаботи санитарию эпидимологӣ ҷавобгуй набударо аз муомилот гирифтаанд.
Инчунин барои вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидимиологӣ нисбати 55 нафар соҳибкорон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда ба маблағи 3,2 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд. Ғайр аз ин фаъолияти 9-адад иншооти хуроки умумӣ аз ҷумла 2 ошхона, 1 дукони самбусапазӣ, 4 адад нуқтаҳои тезтаёр, 2-нуқтаи фурӯши маҳсулоти гуштӣ, боздошт карда шудааст.
Мутахассисон бар онанд, ки дар оянданиз чунин рейдҳои муштарак ба хотири ҳифзи саломатии аҳолӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла РВК дар вилояти Хатлон гузаронида хоҳад шуд.