Аз Наврӯз то Наврӯз. Фаъолияти Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”

Аз Наврӯз то Наврӯз. Фаъолияти Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”
Март 15
07:23 2019

Дар пойтахти кишвар, дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз, бо иштироки роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон, шарикон оид ба рушд, намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва роҳбарони муассисаҳои кӯмаки аввлияи тиббию санитарии ноҳияҳои таҷрибавии вилоятҳои Хатлон ва Суғд натиҷаҳои пешакии таҳлилу таҳқиқи амалишавии лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷаласаи кориро муовини якуми вазир Умарзода Саида Ғайрат ифтитоҳ намуда, ба шарикони рушд, ба хусус ба намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ, ки барои баррасии ин масъала ташриф оварда буданд, барои дастгирии моливии ин Лоиҳа изҳори сипос намуд. Роҳбари гурӯҳи намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ, хонум Кейт Мандевили аз натиҷаҳои Лоиҳа изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки амалинамоии чунин як нақшаи бисёр мушкил дар чанд кишвари дигар душвориҳои зиёдеро пеш овард. Вале дар Тоҷикистон ин Лоиҳа ба хубӣ амалӣ гардида, барои инфрасохтори тандурустӣ, бозомӯзии кадрҳо, ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои тиббиву идоравӣ дар 10 ноҳияи кишвар кӯмаки зиёде расонид.
Офитсери Лоиҳа Маҳбуба Мустафозода дар хусуси роҳандозии он, дастовардҳои назаррас, натиҷаҳои амалишавии Лоиҳа ва дурнамои он ба таври муфассал маълумот дод.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ибтидои фаъолияти Лоиҳа, соли 2014 вазъи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои Фархор, Дангара, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвони вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Деваштич ва Масчоҳи вилояти Суғд мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифта буданд. Барои муқоиса ҳамчунин 9 навоҳии дигаре, ки бо ноҳияҳои таҷрибавӣ дар як мавқеъи ҷуғрофӣ ҷойгиранд, интихоб шуда буданд. Дар интиҳои соли 2018 даври такрории ин назарпурсӣ аз тарафи ташкилоти мустақили “Зеркало” гузаронида шуд.
Аз натиҷаи ин таҳлилҳо намояндагони Боки умумиҷаҳонӣ Демиан де Валк ва Гил Шапира маълумоти муфассал дода, зикр намуданд, ки дар ноҳияҳои таҷрибавие, ки маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият ба роҳ монда шудааст, сифати хизматрасонии тиббӣ ба маротиб боло рафтааст. Истифодабарандагони ин Лоиҳа, роҳбарони раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Суғд ва Хатлон аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки
маблағгузорӣ дар асоси натиҷаҳои фаъолият ба кормандони тиб дар маҳалҳо ва беҳтар кардани инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ дар деҳот кумаки назаррасе расонид. Ба хусус сохта ба истифода додани 37 маркази саломатии деҳот ва бо таҷҳизоти тиббиву ташхисӣ ва мебел таъмин намудани онҳо, дастрас намудани 20 адад мошини ёрии таъҷилӣ, бозомӯзии мутахассисони зиёд устувории ин Лоиҳаро дар оянда таъмин месозад.
Натичаи назарпурсии мазкур ҳамчунин дар ҳузури вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода сурат гирифт.
Намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Туркманистон, ҷаноби Ян-Петер Олтерс зимни суҳбати самимӣ бо роҳбарияти Вазорат иброз дошт, ки аз рафти амалисозии Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”, ки дар назди Вазорат бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ амал карда истодааст, қаноатманд аст ва ин Лоиҳа тавонист дар ноҳияҳои таҷрибавии вилоятҳои Суғд ва Хатлон барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, тариқи пешниҳоди маблағҳои иловагӣ ва сохтмони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ, саҳми сазовор гузорад.
Вазир Насим Олимзода дар навбати худ зикр намуд, ки аз ин дастгирии Бонки умумҷаҳонӣ на танҳо кормандони соҳаи тандурустӣ, балки тамоми роҳбарони ҳукуматҳои маҳаллӣ, раисони ноҳияҳои пилотӣ изҳори қаноатмандӣ менамоянд. Марказҳои саломатие, ки дар ин ноҳияҳо сохта, бо таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд, донишу малакае, ки кормандони муассисаҳои тиббӣ дар даврҳои омӯзишӣ гирифтанд, таи солҳои зиёд барои боз ҳам беҳтару хубтар гардонидани сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат хоҳад кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 285
  • 1,242
  • 949,305