Аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ дар Истаравшан Маркази ташхисию табобатии «Зулайхо» сохта ба истифода дода шуд

Аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ дар Истаравшан Маркази ташхисию табобатии «Зулайхо» сохта ба истифода дода шуд
Июл 03
11:04 2021

Бахшида ба ҷашни 30 –солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Истаравшан Маркази ташхисию табобатии «Зулайхо» ба истифода дода шуд. Маркази  мазкур  аз 4 ошёна иборат буда, дорои 20 кати табобатӣ мебошад. Дар таҳхонаи марказ ошхона ва ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ, дар ошёнаи якум қабулгоҳ, утоқҳо барои стоматолог, гинеколог, ҳураи тадқиқоти ултрасадо ва дар ошёнаи сеюм ҳуҷраҳои табобатӣ ҷойгир карда шудааст.

Марказ дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси соҳибкор Алишер Солиев бо маблағи 1,1 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он 8 нафар мутахассисони соҳаи тиб бо кор таъмин хоҳанд шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз Маркази  ташхисию табобатии «Зулайхо» таъкид кард, ки бо дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибби хусусӣ дар вилоят рушд карда, чунин марказҳои ташхисиву табобатӣ дар таъмини солимии ҷомеа саҳми шоиста гузошта истодаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 348
  • 1,242
  • 949,368