Аз овоза то ба ҳақиқат дар бораи ваксинаи “AstraZeneca”

Аз овоза то ба ҳақиқат дар бораи ваксинаи “AstraZeneca”
Март 23
06:46 2021

Шабонарӯзи гузашта шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз  514  ҳазор нафар,  теъдоди ҳолатҳои фавт беш аз 10 ҳазору 473  нафар гуфта мешавад.

Тавре Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  гузориш медиҳад, ба ҳолати 20 март дар ҷаҳон 122 898 689 нафар гирифторони COVID-19 ва 2 713 580 фавт ба қайд гирифта шуданд. Давоми шабонарӯзи гузашта 514 ҳазор ҳолати нави сироятёбӣ ошкор гардидааст.

Маврид ба таъкид аст, ки давра ба давра дар аксар кишварҳои ҷаҳон ҳолатҳои бақайдгирӣ ва фавти одамон аз маризии каронавируси COVID-19 коҳиш меёбад.

Марказҳои таҳқиқотии ҷаҳонӣ гузориш медиҳанд, ки коҳишёбии сатҳи маргу мир ва гирифторӣ ба бемории болозикр аз ваксинакунонии сартосарӣ ба зидди вируси COVID-19 дарак медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама ҳолат аз паи сиҳатии сатҳи саломатии омма буда, дар рӯзҳои вазнини доманпаҳннамоии ин беморӣ дар ҷаҳон, ҷиҳати таъмини сиҳатии сокинон аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намуд.

Дар доираи ин иқдоми наҷиб ва бо талошҳои ҳукумати кишвар ҷиҳати ваксинакунонии ҷомеаи мамлакат бар зидди бемории COVID-19   дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории COVID-19 ваксинаи ширкати Британиягии Оксфорд “AstraZeneca”, ки тибқи иҷозатномаи он дар “Пажӯҳишгоҳи зардобаҳои Ҳиндустон” (Serum Institute of India) истеҳсол шудааст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардид. Ин номгуй ваксина 15 феврали соли 2021 ба рӯйхати маводҳои иммунобиологии дар ҳолатҳои фавқулодда истифодабарандаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба қайд гирифта шудааст. То ҳол аз он дар 62 давлати ҷаҳон истифода бурда мешавад.

Дар доираи талошҳои пайвастаи роҳбарияти Олии ҳукумати мамлакат шоми 8 марти соли  2021 дар чаҳорчӯбаи ин механизм қисми якум дар ҳаҷми 192 ҳазор воя ваксина тавассути парвози махсуси Сомон-Эйр аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки бақияи ваксинаҳо дар ояндаи наздик марҳила ба марҳила ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд.

Маврид ба таъкид аст, ки то ҳол дар ҷаҳон зиёда ба 268 миллион нафар ваксина ба зидди коронавирус гузаронида шуда, то ҳол ягон ҳодисаи марг аз ин ваксинаҳо ба қайд гирифта нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки миёни ҷомеаҳои кишварҳо сару садоҳои зиёди беасосе бобати гӯё ваксина “AstraZeneca” дар ҳолати истифодаи он метавонад ба вазъи саломатӣ паёмади манфӣ дошта бошад, ки асоси воқеӣ надорад ба гуш мерасад.  Гумон дорем ин ҳангомаҳо маҳз аз ҷониби нафаронӣ бадхоҳ ва ё бедуни маълуот паҳн мегардад

Бо назардошти афзал шуморидани самаранокӣ нисбат ба шумораи ҳолатҳои номатлуби ночиз (1 ба 1 млн) ТУТ иқдомоти истифодаи минбаъдаи ваксинаи “AstraZeneca”-ро тавсия медиҳад.

Ҷомеаи кишвар ва дар умум сайёра огоҳ ҳастанд, ки маҳз ваксинакунонӣ боиси аз байн рафтани бемориҳои гушношунид, ки таи садсолаҳои охир боиси қурбонии зиёди одамон гардида буданд, гаштааст. Имрӯз низ ҷаҳон бо бемории наве бо номи коронавируси COVID-19 дар ҳоли бархурд қарор дорад ва хушбахтона маҳз бо қобилияти зеҳнии инсоният ваксина ва ё подзаҳр дар муқобили ин беморӣ ихтироъ шуд ва умед дорем, ки сайёра ба зудӣ дар муқобили бемории болозикр пирӯзӣ ба даст хоҳад овард.
Агарчӣ имрӯзҳо миёни ҷомеаи мо низ сару садоҳои беасос бобати ваксинаи “AstraZeneca” ба гуш мерасад, вале бо боварӣ метавон гуфт, ки нафарони оқилу ҳушманд моҳияти аслии ин гуна овозаҳои беасосу бемантиқро дарк намуда нақши худро ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани маъракаи ваксинакунонии омма дар кишвар хоҳанд гузошт.

Мо бояд дарк намоем, ки ваксина зидди ҳама намуд бемориҳо позаҳр аст ва ягона роҳи ҳифозати сиҳатӣ ва ҷилавгирӣ аз маргу мир ин истифоаи ваксина мебошад.
Бо умеди фардои нек!!!

Саидзода Файзалӣ Барот
Директори генералии Муассисаи  давлати “Маркази  ҷумхуриявии иммунопрофтилакаи Вазорати тандурустӣ  ва ҲИАҶТ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 617
  • 1,242
  • 949,637