Душанбе, 09:07:2019 /Moh.tj/ Ҷиҳати фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш давоми 6 моҳи соли 2019 корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.
Аз ҷумла, дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» то имрӯз дар маҷмӯъ ба зиёда аз 612 нафар бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва 41 нафар бемор ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар, дар 6 моҳи соли 2019 бошад, ба 56 нафар бемор (дар 6 моҳи соли 2018-57 бемор) амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 6 нафар (дар 6 моҳи соли 2018-5 бемор) ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шудааст.
Инчунин, ҷиҳати коҳиш додани шумораи нафароне, ки ба хориҷи кишвар барои ташхиси ва табобат сафар мекунанд, дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» шӯъбаи пайвадсозии мағзи устухон фаъолият дошта, то имрӯз ба 10 нафар бемор амалиёти пайвадсозии мағзи устухон гузаронида шудааст. Мавриди зикр аст, ки то имрӯз дар ҷумҳурӣ ба 118 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст, ки аз ин шумора 29 нафар аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, 37 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон, 31 нафар аз Исроил ва боқимонда аз ҷумҳуриҳои мухталиф-давлатҳои хориҷи дуру наздик мебошанд. Дар Муассисаи давлатии «Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара» то имрӯз ба 73 нафар амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шудааст, ки 7 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Дар 6 моҳи соли 2019 дар муассисаи мазкур ба 12 нафар амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шудааст.