Ба 96 шаҳрванди хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шуд

Ба 96 шаҳрванди хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шуд
Апрел 22
12:54 2019

Ҷиҳати фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» то имрӯз дар маҷмӯъ ба зиёда аз 575 нафар бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва ба 37 нафар бемор ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар, дар 3 моҳи соли 2019 бошад, ба 39 нафар бемор (дар 3 моҳи соли 2018 – 26 бемор) амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 4 нафар (дар 3 моҳи соли 2018 -2 бемор) ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шуд.

Инчунин, ҷиҳати коҳиш додани шумораи нафароне, ки ба хориҷи кишвар барои ташхис ва табобат сафар мекунанд, дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» шӯъбаи пайвандсозии мағзи устухон фаъолият дошта, то имрӯз ба 10 нафар бемор амалиёти пайвадсозии мағзи устухон гузаронида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки то имрӯз дар ҷумҳурӣ ба 96 нафар шаҳрванди хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст, ки аз ин шумора 28 нафар аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, 31 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон, 26 нафар аз Исроил ва боқимонда аз ҷумҳуриҳои мухталиф-давлатҳои хориҷи дуру наздик мебошанд. Дар Муассисаи давлатии «Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара» то имрӯз ба 56 нафар амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шудааст, ки 6 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Дар 3 моҳи соли 2019 дар муассисаи мазкур ба 8 нафар амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шудааст.

Дар 3 моҳи соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо», Маркази вилоятии ҷарроҳии дилу рагҳои шаҳри Хуҷанд, Маркази тиббии хусусии «Ибни Сино» ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил» дар маҷмӯъ 489 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо (дар 3 моҳи соли 2018 – 468), 462 амалиёти ангиография (дар 3 моҳи соли 2018 – 338) ва 132 амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ (дар 3 моҳи соли 2018 – 113), инчунин, дар муассисаҳои тиббии мамлакат, дар 3 моҳи соли 2019 ба 61 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ (дар 3 моҳи соли 2018 – 66) гузаронида шуданд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати анҷом додани ҷарроҳиҳои мураккаб дар муассисаҳои тиббии мамлакат, аз ҷониби роҳбарияти вазорат тамоми имкониятҳои мавҷудаи соҳа сафарбар гардида истодааст. Дар муассисаҳои тиббии мамлакат вобаста ба имкониятҳои маблағгузорӣ марҳила ба марҳила дастгоҳу таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ харидорӣ ва насб гардида истодаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 631
  • 1,242
  • 949,651